Дасти кумак дароз намудан ба ятимон ва оилаҳои ниёзмадон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад роҳбариёти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо пайравӣ аз амалҳои неку ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Иди Наврӯз ба як қатор шахсони эҳтиёҷманд кумаки худро расониданд.
Аз ҷумла ба хонаи пиронсолон ва ҳамчунин ба бошандагони беморхонаи касалиҳои рӯҳии вилояти Хатлон кумаки моддӣ аз қабили орд, равған, гӯшту биринҷ, сабзӣ, картошка, мевагиҳо ва дигар маҳсулоти маводи аввалия кумак расонида шуд.
Чунин амали хайру савоб боиси хушҳоливу рӯҳбаландии бошандагони хонаи пиросолон ва беморони беморхонаи касалиҳои рӯҳиии вилояти Хатлон гардид, онҳо миннадории самимии худро ба роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар инчунин ашхоси саховатпеша иброз намуданд.
Ҳамзамон дар доираи ин иқдом масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдаконаи ятим дар шаҳри Кӯлоб суру либос ҳадия намуда, дастархони идона оростанд.
Бино ба иттиллои сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон чунин кумак аз қабили орд, равған, биринҷ ва маҳсулоти гӯштӣ ба бошандагони беморхонаи касалиҳои руҳи дар минтақаи Кӯлоб ҳам расонида шуд.
Бо пайрави аз амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин икдомҳои пайвастаи Вазорати молияи кишвар масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба аёдати чанде аз собиқадорони соҳаи молия, ки дар бистари беморӣ мебошанд, ташриф оварда, ба онҳо низ кумаки моливу моддӣ расониданд.
Қобили зикр аст, ки иқдомҳои анҷомдодашуда табиқи амалии сиёсати ичтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷикистон ва нақша чорабиниҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ арзиёбӣ шуда он дар маҷмӯъ беш аз 50 ҳазор сомониро ташкил меннамояд.
Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, ки чунин тадибирҳои неку хайрхоҳонаро ба оилаҳои эҳтиёҷманду хона-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо дар оянда низ идома хоҳанд дод.