Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақтаина ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Мукофоти молиявии раиси вилоят ба ҳамаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳар як нафар ба андозаи 2500 сомонӣ зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон бо тантана тақдим карда шуд.
Аз ҷумла мукофоти молиявии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Раҳимов Ҳабибулло, намояндаи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Тоҷиддин Тағоев дар шаҳри Кӯлоб ба Шарипов Ғулом, Бегматов Мирзо, Холматов Дилдор ва дар ноҳияи Восеъ ба Абдуллоев Пир инчунин дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бошад ба Исмоилов Раҳмон дар манзилҳои зисташон дар вазияти тантанави тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Хатлон ба ҳар як нафар ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина ҷудо шудааст, ки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро зимни аёдат аз номи Роҳбари давлат ба соҳибонашон супориданд.
Дар вилояти Хатлон то имрӯз шумораи иштирокчиёни ҶБВ 24 нафар ва маъбони ҶБВ 33 нафарро дарбар мегирад. Дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кумакҳои яквактаина расонида мешавад.
Далер ШАРИПОВ,
котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон