Ин нуқта дар ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар 9 моҳаи соли 2020 садо дод, ки, дар он муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ва сардори Сарраёсати молияи вилоят Назарзода Бахтиёр   иштирок намуда  масъалаҳои молиявии шаҳру навоҳии мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.

Нахуст сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр    дар оғоз ҷаласаи ҷамбасти   қайд кард, ки    11 октябри соли равон дар мамлакат Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ёдовар мешавем,ки Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки 11 октябр баргузор шуд, бо гирифтани 90,92% овозҳо  ғалаба ба даст оварданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хамватанон пирӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эълон кард.

Гуфта шуд, ки Интихобот шаффофу демократӣ ва бидуни тақаллуб гузашта, аз ҷониби нозирони миллию мушоҳидони байналмилалӣ ягон шикоят ба қайд гирифта нашуд.

Сипас муовини сардори сарраёсати молияи вилоят Бобоназар Давлатов доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии Сарраёсати молияи вилоят дар 9 моҳи соли ҷорӣ маърӯза кард.

“Рушди воқеии иқтисодии вилояти Хатлон иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози ичтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 890,6 млн сомонӣ маблағи пешбинишуда 905,7 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 15,1 млн сомонӣ зиёд   мебошад.”, — иброз дошт муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон.

Зимни баромади масъулони соҳа таъкид рафт, ки бақяпулии андоҳоро шаҳру ноҳияҳои Бохтар 5,1 млн. сомонӣ, Кӯшониён 1,4 милн сомонӣ, Вахш 3,7 млн. сомонӣ, Хуросон 2,5 млн. сомонӣ, А Ҷомӣ 3,6 млн. сомонӣ, Ҷайҳун 3,1 млн. сомонӣ, Шаҳритуз 4,3 млн, сомонӣ, Шаҳритуз 4,3 млн. сомонӣ, Ёвон 96,0 ҳазор сомонӣ, Мӯминобод 559,0 ҳазор сомонӣ, Восеъ 4,2 млн сомонӣ ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 68,0 ҳазор сомонӣ нисбат ба аввали сол зиёд намудаанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти татбирҳои пешгирӣ ва паҳншавӣ аз бемории короновирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ махсус, бақияи озоду даромадҳои шаҳру навоҳии вилоят 14,1 млн сомонӣ ҷудо гардид.

Илова бар ин аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба ин мақсад 7,7 млн сомонӣ маблағҳо ҷудо гардида ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона карда шудааст.

Сипас, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон   ба сухан баромада сардорони Раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро баҳри иҷрои босифати буҷетӣ маҳаллӣ, дарёфти манъбаҳои нави иловагии андозҳо, чораҳои иловагӣ андешанд,мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети  аҳамияти ҷидди зоҳир намоянд, дар мадди аввал маблағҳои воридгардидаро барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулиҳо равона карда шавад.

Масулони соҳа зикр намуданд, ки мақомотҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки барои сифатнок иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷети маҳалли ва самараноку мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷет аҳамияти хосса зоҳир намоянд то дар фаъолити кориашон камбудиҳо ба чашм нарасад.

Дар фароварди ҷаласа   таъкид   карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   Вазорати молияи кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ идома доранд.

Бинобар ин Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар якҷоягӣ бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба корҳои ободонию созандаги вусати тоза бахшида, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат тамоми чора ва имкониятҳоро роҳандозӣ намуда соли молиявиро бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ҷамбаст намоянд.

  Далер Шарипов,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед