Маросими Савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ҷумҳури мустақиман пахш шуд чун дигар ташкилоту муассисахои вилояти ва ҷумҳури кормандони дастгоҳи марказии  сарраёсати молияи вилояти Хатлон дастаҷамъона бо як таваҷҷуҳи хосса тамошо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чун дигар сарварони давлатҳо, на дар кишвари орому муттарақӣ, балки дар як мулки  ҷангзадаи хароб, ки касе ҷурати роҳбариашро  ба уҳда надошт, ба сари қудрат омад ва дар як муддати хело  кутоҳ тавонист мардумашро сулҳу сарҷамӣ ва умеди оянда бахшид.

Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои бошандагони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.

Имруз хурду бузуги кишвар бо ифтихору сарфарози изҳор медоранд, ки   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшаду дар берун давлатеро бо номи Тоҷикистон сазовор муаррифӣ кард.

 Далер Шарипов,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед