Боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони мақомоти молияро имрӯз фазои ваҳдату субот ва рушди иқтисодиёти миллии кишварамон таҷлил менамоем. Рӯзи кормандони мақомоти молия бо ташаббус ва дастгириву ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми қонуниро касб кард. Ба ин муносибат тамоми кормандони мақомоти молияи вилоятро самимона табрик намуда, барояшон сарбаландию сарфарозӣ, тансиҳатию хонаободӣ, саодати зиндагӣ ва дар иқдомҳои некашон ба хотири рушди соҳаи молия барору комёбиҳоро таманно мекунам.
Рӯзи 7 декабр ҳамчун иди касбии кормандони мақомоти молияи кишвар муқаррар гардидааст, ки имсол дар баробари ин, 96-солагии таъсисёбии Вазорати молия низ пешвоз гирифта мешавад. Зеро маҳз 96 сол қабл аз ин, 7 декабри соли 1924 мақомоти молия дар шакли Комиссариати Халқии молияи Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд.
Тавре ки Пешвои миллат таъкид медоранд, пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад. Дар ҳақиқат, саҳми кормандони соҳаи молия дар пешбурди ин сиёсати давлатӣ ва таҳкими иқтисодиёти мамлакат намоён мебошад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки иқтисодиёти вилоят сол то сол инкишоф ёфта истодааст. Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иқтисодиёти мамлакат, ки яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, моро зарур аст, ки бо истифода аз стандартҳои байналмилалӣ сиёсати молиявӣ, қарзию пулӣ ва инчунин муносибатҳои бозоргонӣ, рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаро таъмин намоем.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои иқтисодиёт ва устувории асъори миллӣ нигаронида шуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар тӯли 29 соли соҳибистиқлолии давлат маҳз бо заҳмату талошҳои кормандони мақомоти молия як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва корҳои азими бунёдкориву созандагӣ, ислоҳоти амиқи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оғоз гардид. Дар ин радиф таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба самтҳои асосии афзалиятнок ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуд.
Аз моҳи январи соли 2015 низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда шуд, ки ба нақшагирӣ, иҷрои Буҷети давлатӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро дар бахши давлатӣ мукаммал намуда, барои ҷалб намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ дар раванди электронии банақшагирӣ ва иҷрои буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бо ифтихормандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ насиби мардуми мо гардидааст.
Лозим ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳаи молия низ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби кадрҳои болаёқати мақомоти молия ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин, як зумра кормандони соҳаи молияи вилоят имрӯзҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
Кормандони мақомоти молия бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти Ватан барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иншоотҳои муҳими давлатӣ тамоми чораҳоро меандешанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони соҳаи молияро бори дигар ба ифтихори иди касбашон шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, бурдборӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Боварӣ дорам, ки кормандони мақомоти молия дар қатори кормандони дигар ташкилоту идораҳо ва сокинони сарбаланди вилоят дар татбиқи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Идатон муборак, кормандони соҳаи молияи вилоят!