Имрӯз 7-уми декабри соли 2020-ум дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилоят, Момогул Шодиева, сармуҳаррири маҷалаи “Молия  ва ҳисобдорӣ”-и Вазорати молия  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсат, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят  ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Чорабиниро Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилоят ифтитоҳ намуда, аҳли толорро ба муносибати иди касбӣ ва 96 – солагии таъсисёбии мақомоти молияи ҷумҳурӣ шодбош гуфт.

Аз ҷумла таъкид намуд, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ  дар буҷет пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд.

Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон низ дар чорабинӣ ширкат варзида, ба самъи ҳозирин Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия ироа дошт.

“Кормандони мақомоти молия бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти Ватан барои боз ҳам афзун намудани дастовардҳо ва рушди бомароми соҳаи молия, ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, саривақт маблағгузорӣ намудани соҳаҳои иҷтимоӣ ва иншоотҳои муҳимми давлатӣ тамоми чораҳоро меандешанд”, — афзуд Акрам Сулаймонзода.

Дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки аз моҳи январи соли 2015 низоми нави иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ҷорӣ карда шуд, ки банақшагирӣ, иҷрои Буҷети давлатӣ ва баҳисобгирии муҳосибиро дар бахши давлатӣ мукаммал намуда, барои ҷалб намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ дар раванди электронии банақшагирӣ ва иҷрои Буҷети давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Момогул Шодиева, сармуҳаррири маҷалаи “Молия  ва ҳисобдорӣ”-и Вазорати молия  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон ва мутахассисони варзидаи соҳа   Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Ифтихорномаи Сарраёсати милияи вилояти Хатлон ва хамчунин Сипосномаҳои маҷалаи “Молия  ва ҳисобдорӣ”-и Вазорати молия  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадршиносӣ гардиданд.

 

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед