Рӯзи 14 январи соли ҷорӣ Сафарзода Рукмина Сафар, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акрам Мирзоев, директори дастгирии амалиётҳои молиявии байни буҷет дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Муовини вазири молияи мамлакат аз наздик ба фаъолияти кории кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсат, китобхона ва аз Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон, ки дар назди Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ташкил ёфтааст дидан намуда, бо омӯзгорон ва донишҷӯён сӯҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро дар роҳи интихобнамудаашон дар соҳаи ҳисобдорӣ ва молия бурдбориҳои беназирро таманно кард.

Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки  Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  ва китобхонаи назди Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар асосиси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.

Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин омили муҳими таърихӣ ва ҳаётан муфидро ҳамеша пеши назар доранд. Ва ба ривоҷи китобхониву китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ва имкониятҳои дохилӣ дар назди бинои Сарраёсат китобхонаи худро ифтитоҳ карданд, ки  дар он адабиётҳои сиёсӣ, илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ ва ғайра гирд  оварда шудаанд. Инчунин, зиёда аз 15 ҳазор нусха китобҳои гуногун дар шакли электронӣ ба компютерӣ китохона ворид карда шудааст, ки дилхоҳ нафар метавонад аз онҳо истифода намояд.

Китобхона ба таври замонавӣ таҷҳизонидашуда, кормадони соҳаи молия ва касбу кори гуногун метавонанд аз ин маҳзани дониш пурсамар истифода баранд. Барои онҳое, ки мехоҳанд дар толори китобхона адибиётҳои дилхоҳашонро мутолиа кунанд, шароит мусоид аст.

 

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши тахассусии кормандони соҳаи молия, сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои вилоятиву шаҳрӣ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи кишвар дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, Маркази бозомӯзӣ бо фароҳам овардани шароити муносиби омӯзиш ташкил карда шудааст.

Инчунин, соли 3-ём аст, ки Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Сарраёсати молияи вилоят фаъолияти назаррас дорад.

Дар давоми соли 2019-ум дар Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон 5- гурӯҳ иборат аз 56 нафар курси муҳосибиро ба анҷом расонида, 1-гурӯҳи дигар бошад дар омӯзиши курси муҳосибӣ қарор дорад. Аз оғози фаъолияти марказ то ба имрӯз зиёда аз 400-нафар  сармуҳосибон соҳиби сертификат гардиданд.

Маркази матбуотӣ Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед