Паёми табрикии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр, бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ

          Дустон ва ҳамкасбони гиромӣ!

Ҳоло, ки мо дар остонаи ҷашни мубораки Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ҳамаи Шуморо ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, ба Шумо хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳми, ки асоси хушбахтии сокинони кишвар ва пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёби орзу менамоям.

Маврид ба зикр аст, ки дар таърихномаи ҳар миллат, саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз икдоми нек ва хирадмандона, ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Боиси сарфарозист, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низои мушкили дохилиро дар муҳлатҳои ниҳоят кӯтоҳ тариқи сулҳу созиш бартараф намуд, ки ин кори басо мушкил аст. Қобили қайд аст, ки маҳз бо шарофати ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷавонони мо дар мактабҳои миёна ва макотибҳои олӣ дар рӯҳияи баланди ватандустиву хештаншиносӣ таълиму тадрис мегиранд. Фазои имрӯзаи сиёсии ҷаҳон моро водор месозад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем. Зеро ҳамдилию ягонагӣ аз ҳарвақта дида барои ҳамаи мо зарур буда, дар шароити кунунии пурзӯршавии равандҳои ҷаҳонишавӣ омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

Мо мардуми сарбаланди тоҷик санаи тавлиди ин ҳуҷҷати воқеан сарнавиштсозро ҳамчун сарчашмаи якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию рафоқат пазируфта, рӯзи муборак дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Рӯзи Ваҳдат» маъмул гардид, ки онро ҳамасола таҷлил мекунем. Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нагардид. Барои расидан ба ин санаи таърихӣ моро зарур омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намуда, мушкилоти сангиро паси сар кунем. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Муҳимтарин дастоварду комёбие, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба даст овардаем, ин аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Аз оғоз то анҷоми даргириҳо ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: сулҳу саллоҳ ва бо ин васила ба ҳам овардани миллату раҳоии давлати миллӣ аз парокандагӣ ва шикасти ногузир. Ин аст, ки мо бо ифтихор ва сарфарозӣ мегӯем: Ҳарчанд ки душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи ба ору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ оташи ҷангро хомӯш кунад. Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад. Сулҳ неъмати бебаҳотарин аст ва ҳифзу пойдории он вазифаи ҳаётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди тоҷику Тоҷикистони мебошад. Барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо истиқлолияти Тоҷикистонро боз ҳам устувор гардонд, нури умед ба дили мардум роҳ ёфт. Ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги байналхалқӣ низ дорад. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин намудааст.

  Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед