Бо тадбиқи амалии сиёсати ичтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дасту ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   нафарони яккаву танҳо, шахсони ниёзманд ва оилаҳои аз офати табии зарардида аз ҷониби соҳибкорону дигар шахсони саховатпеша дастгири меёбанд.

Дар ҳамин замина бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон манзили истиқоматии сокинони шаҳри Кӯлоб, оилаи Латифзодаҳо ки бар асари офати табии   зарар дида буданд, бо сатҳу сифати баланд   сохта шуда, бо ба инобат гирифтани тамоми ашёву анҷоми рӯзгор дар вазъияти муносиб ба соҳибонашон супурда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадбиқи сиёсати ичтимоии худ, ҳамеша баҳри беҳдошти шароити арзандаи сокинони кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Ин аст, ки пайваста бо дастуру супоришҳои бевоситаи  Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату кумитаҳо ва соҳибкорону дигар нафарони дорову саховатпеша ба қишри ниёзманди ҷомеъа, нафарони яккаву танҳо ва оилаҳои аз офатҳои табии зарардида кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад.

Дар ҳамин доира манзили зисти сокини шаҳри Кӯлоб Ҳуронбӣ Латифзода, ки бар асари офати табии санаи 11 майи соли ҷори пурра вайрну валангор шуда  буд,  бо ҳидоятҳои Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати молияи мамлакат ва Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар мӯҳлати куттоҳ сохта шуда,  дар вазъяти тантанави бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдулқодир ва сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр,  ба соҳибонашон супурда шуд.

Манзили истиқоматии сокини шаҳри Кӯлоб  Ҳуронбӣ Латифзода, иборат аз 4 ҳуҷра буда, бо тамоми шароти рӯзгор дар муҳлати хело кутоҳ бо сатҳу сиффати баланд бо ҷалби сохтмончиёни варзидаву кордон бунёд гардидааст.

Дар коҳои сохтмонии манзили зист беш аз 20 нафар устоҳои бинокор ва сокинон ба кор ҷалб карда шуданд. Лоиҳаи шншооти мазкур ба стандарти меъмориву шаҳрсози мутобиқ гардонида шуда, ҷавобгу ба талаботи замон бунёд карда шуааст.

Зимни суҳбат масъулин, ба оилаи зарардидаи сокини шаҳри Кӯлоб  Ҳуронбӣ Латифзода изҳор доштанд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳ намудани ҳаёти хубу осоиштаи сокинони ҷумҳури талошу хизматҳои зиёд мекунанд то миллати тоҷик  ҳаёти хураму хурсандона дошта бошанд.

Зикр гардид, ки манзили истиқомати ин оилаи зарадида  аз офати табии дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, аз тарафи масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳуронбӣ Латизода минадории бепоёни хешро ба Пешвои миллат ва ташабускорони ин кори хайру савоб расонида, афзуд, ки ҳар он дастуру супорише, ки ба роҳбарияти вилоят Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода буданд имруз дар амал татбиқ гардид.

Акнун аз ин пас Ҳурунбӣ Латифзода, ҳамроҳи  4- занд ва оилаи хеш дар хонаи зебову барҳаво зиндаги мекунанд.  Зеро дар манзили навбунёд бо дастуру супоришҳои роҳбари давлат, аз ҷониби ташаббускорон тамоми ашёву анҷоми рӯзгор муҳайё карда шудааст.

Тавре мушоҳида гардид, барои соҳибхонаҳо сар карда аз ҷиҳозу тахти хоб, телевизору яхдон то сурфаву элаку дигар ашёи барои рӯзгори ҳаррӯза лозима таъмин карда шудааст.

 Бо мақсади қадрдонии аз хизматҳои арзандаи роҳбарияти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва сари вақт расонидани кӯмакҳои моддиву маънавӣ ба оилаҳои зарардида, ҳамзамон дар мӯҳлати куттоҳ бунёд намудани манзили зебои истиқомати бо назардошти тамоми шароитҳои арзандаи рӯзгордорӣ Бахтиёр Назарзода сардори Сарраёсати молияи вилоят бо сипосномаи Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

Маркази  матбуотии  Сарраёсати молия вилояти Хатлон

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед