НАЗАРЗОДА Бахтиёр Худоёр

Аз апрели соли 2018 дар мансаби сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  кор  мекунад.

Соли таваллуд — 1 июли  соли 1969

Ҷои таваллуд — шаҳри Кӯлоб

Миллат — тоҷик

Таҳсилот – олӣ:

  • соли 1991 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб,
  • соли 2003 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб,
  • соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-ро хатм кардааст

Ихтисос — омӯзгори забони русӣ, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад — русӣ, англисӣ бо луғат

Аз соли 2000 то соли 2010 Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, аз соли 2010 то инҷониб Вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Мукофотҳои давлатӣ — Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.08.2013 №1498 бо медали хизмати шоиста ва  Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 4 сентябри  соли 2008, №68

Вазъи оилавӣ — оиладор

Кор  ва  фаъолияти  собиқа:

Солхои 1991-1992 Инспектори калони шуъбаи бойгонии Комиҷроияи вилояти Кӯлоб
Солхои 1992-1993 Мутахассиси дараҷаи 2-юми шуъбаи 2-юми Комиҷроияи вилояти Кӯлоб
Солхои 1993-1994 Корманди корхонаи хурди «Алмос»-и шаҳри Кӯлоб
Солхои 1994-1997 Корманди ҷамъияти саҳомии «Кафолат»-и шаҳри Кӯлоб
Солхои 1997-2004 Муовини директори ҷамъияти саҳомии «Кафолат»-и шаҳри Кӯлоб оид ба иқтисодиёт
Солхои 2004-2004 Сардори шуъбаи Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Солхои 2004-2006 Сардори Шуъбаи молияи шаҳри Кӯлоб
Солхои 2006-2007 Сардори Идораи молияи шаҳри Кӯлоб
Солхои 2007-2016 Сардори Раёсати молияи шаҳри Кӯлоб
Солхои 2016-2018 Муовини сардори Сарраёсат сардори Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб
Аз апрели соли 2018 то ҳол Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон