Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи ба номи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи бозии кӯдаконро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори шаҳр бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сохтмони майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон, майдончаи бозии кӯдакон, таъмиру баркарорсозии роҳрав, рангубори биноҳои истиқоматии №7 ва №9, воқеъ дар кӯчаи Саидмуъмин Раҳимови шаҳри Бохтар аз ҷониби Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо харҷи зиёда аз 540 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.
Дар ҳудуди майдони вобасташуда 10 адад нишастгоҳ, 16 адад арғунчакҳои бозии кӯдаконаю ва машқу тамрин, 2 адад дегдонхона, 1 адад майдони варзишии футболи хурд, 8 адад чароғҳо барои рушноӣ додани майдончаҳо насб карда шудааст.
Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои бозии кӯдакон дар масоҳати 340 м2, сафолакпӯшкунӣ дар масоҳати 192 м2, майсазоркунӣ ва шинонидани гулҳои мавсимӣ бо дарозии 130 метр, насби ҷуйборҳои обпарто бо дарозии 200 метр ба анҷом расида, майдони таваққуфгоҳи нақлиёт дар масоҳати 330 м2 бетонпӯш карда шудааст.
Раиси вилоят бо сокинон дар масъалаи корҳои ободонӣ, тозагӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» суҳбати озод намуда, таъкид карда шуд, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ ҳар як сокини ин кӯча бояд масъулиятшинос бошад.
Бояд зикр намуд, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо дастуру супориши раиси вилояти Хатлон беш аз 30 майдончаи варзишӣ, майдончаҳо барои бозии кӯдакон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бунёд гардад. Ҳоло сохтмони дигар майдончаҳо дар шаҳр бомаром идома доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед