Тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ — интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ рӯзи 26 -уми июни соли ҷорӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молияи вилоят» доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Иззатуллозода Ҳабибулло, раиси ТИ «Молияи вилоят», Роҳила Давлатова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин тадбир масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии «Молияи вилоят» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи соли 2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, интихоби раис ва муовини раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молияи вилоят», интихоби вакилон ба Конференисияи 29-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Иззатуллозода Ҳабибулло, раиси Ташкилоти ибтидоӣ, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи соли 2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти оянда шунида шуд.
Инчунин Иззатуллозода Ҳабибулло оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои миллат ёдовар гардида, зикр доштанд, ки моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳофарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон гузорем.
Дар идомаи маҷлис ҳамчунин дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Сипас, Роҳила Давлатова оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, пешниҳоди андешаҳои созанда дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, сари вақт пешниҳод кардани вокуниш ба амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони миллат, инчунин, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи маҷлис дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар аъзои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоотиии Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар в.Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед