Имрӯз 8-уми июли соли ҷорӣ дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 6 моҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Саидзода Дилшод Мурод, муовини вазири молияи ҶТ, Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон, Изатуллозода Ҳабибулло Иззатулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилояти Хатлонро Ҳабибулло Изатуллозода итфитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Сарраёсати Вазорати молия дар якҷоягӣ бо мақомоти он дар маҳал ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” саъю кӯшиш намуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Зикр гардид, ки тибқи баҳодиҳии пешакӣ бинобар маълумотҳои омории вилоят ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят дар давраи ҳисоботӣ ба 12,2 миллиард сомонӣ баробар гардида афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ зиёд ё ин, ки 102 фоизро ташкил додааст.
Дар давраи ҳисоботӣ рушди иқтисодиёти вилоят аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,2 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз, маблағи 252,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти кишоварзӣ 103 фоиз ба 11,4 миллиард сомонӣ, гардиши савдои чакана 120,3 фоиз ба 4,3 миллиард сомонӣ ва хизматрасониҳои пулаки 109,2 фоиз 1,3 миллиард сомонӣ таъмин гардидааст.
Дар соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 35 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ҳазору 260 иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин 3090 иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Шумораи корхонаҳои саноати 841 ададро ташкил намуда, аз ин корхонаҳои навтаъсис 40 ададро дар бар мегирад.
Корҳои пудратии иҷрошуда ба 877,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 46,6 фоиз ё 278,0 млн. сомонӣ зиёд аст.
Бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёти вилоят мувофиқи маълумотҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ, дар нимсолаи аввали соли 2024 аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 100,9 фоиз (1286,2–1297,9=11,7) ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 100,5 фоиз таъмин карда шуд.
Дар ин давра ба буҷет ба ҷои 1088,0 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 1093,0 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 5,0 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз рӯи маълумотҳо ба ҳолати 1 июни соли 2024 бақияпулии қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ маблағи 159,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 6,7 млн. сомонӣ кам карда шудаас.
Дар давраи ҳисоботи иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ буҷетӣ дар сатҳи 102 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми воридоти маблағҳо бо назардошти хароҷоти маблағҳои иҷтимоӣ ба 295,4 млн. сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷроиши нақшаи даромади буҷети вилоятӣ дар давраи ҳисоботи нишон медиҳад, ки ҳиссаи корхонаҳои калони вилоятӣ ба 101 фоиз баробар буда, ба буҷети вилоятӣ 65,7 млн. сомонӣ маблағҳо ворид гардидааст.
Барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад дар давраи ҳисоботӣ, 1348,2 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 83,8 % -и хароҷоти пешбинишударо дар бар мегирад.
Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст.
Мавриди зикр аст, ки бо Фармони навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 январи соли 2024 №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, музди маоши ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январ ва аз 1 июли соли 2024 зиёд гардидаанд.
Фармони мазкур дар соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақаи пешбинишуда, маблағҳои бақияи озод, иҷрои барзиёди даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҳисоби сарфаи моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот, маблағҳои захиравӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.
Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар вилоят дар охири баромади худ изҳор дошт, ки мо кормандони мақомоти молия вазифадорем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо ва иҷрои қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми чораҳоро биандешем.
Дар ин росто дар самти иҷрои нақшаи қисми даромадӣ буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби потенсиалӣ дохилӣ якҷоя бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монда, қадре ҳам бошад ҳиссаи маблағҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои зиёдшавии музди меҳнати кормандони буҷетӣ ба шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад, кам намоем ва ҷуброни онро аз ҳисоби даромадҳои иловагии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монем.
Дар идомаи кори мушовара муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Дилшод Мурод, иҷрои вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаро муайяну мушахас намуда, изҳор дошт, ки дар ин замина бояд камбудиҳои ҷойдошта бартараф ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, қисми даомади буҷетро дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ пурра иҷро ва сарчашмаҳои нави маблағгузориро дарёфт намуда, бақияпулиҳо ба маротиб кам карда шаванд.
Таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои, дигаре ки таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин пардохти саривақтии маблағҳои пешбинишудаи коммуналӣ ва роҳ надодани ба пайдоиши қарз дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мебошад.
Бо ин мақсад дар асоси дастури роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҳаққи маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, нақша ва чорабиниҳо тартиб дода шуда, вобаста ба ин, раёсатҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати пардохти саривақтии маблағҳои ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла, истифодаи қувваи барқ, об, гармидиҳӣ ва партовҳоро, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузори мешаванд, чораҳои иловагӣ андешида ба қарздории он роҳ надиҳанд.
Дар идомаи мушовара Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, аз ҷумла, такид дошт, ки новобаста ба натиҷаҳои мусбат дар самти иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ, боз ҳам масъулини мақомоти молияи вилоятро лозим аст, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда саъю талоши бештар намояд. Зеро танҳо бо василаи ислоҳи камбудиҳо метавон дар самти ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ, дарёфти манбаҳои нави андоз, истифодаи самараноки маблағҳои буҷтӣ муваффақ гардид.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати Вазорати молияи ҶТ дар в.Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед