Паёми табрикии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рўҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Имрўз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерўи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд:

«Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Мо дар шароити ҷаҳонишаваии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил  гардид.

Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле  бузург буд. 24 –уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Истиқлолияти давлатӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад».

9-сентябри соли 1991 аввалин маротиба рӯзи Истиқлолият давлати қайд карда шуд. Вале, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар мардум бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Пас аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Пеш аз ҳама дар ҷумҳурӣ базаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Дар ин бора қабули қонунҳо оид ба моликият, кооперативҳо, соҳибкорӣ, дар бораи андози  даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодат  медиҳанд.

Дар давраи 29- соли соҳибистиқлолӣ мамлакат дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон зери роҳбарии хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарити мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилоят ва сокинони бо нангу номусаш чун дигар манотиқи ҷумҳурӣ пешравиҳои зиёд ба амал омад.

Дар ин баробар  даҳ шаҳру навоҳии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати биноҳои Раёсатҳои молияи сохта ва бо тамоми шароитҳои кори  мавриди истифодаи кормандони мақомоти молия қарор дода шудааст ва ин созандагиҳо то ба ҳоло идома дорад.

Ҳамзамон, маҳз самараи Истиқлолияти давлатии кишвар буд, ки бо дастгирии бе воситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар маркази вилояти Хатлон бинои зебову замонавӣ Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Туҳфаи арзишманди руҳбаландкунандаву илҳомбахши дигар барои кормадони фарҳанг дар шаҳри Бохтар ин Кохи фарҳанг ва маркази иттилооти ба ҳисоб меравад, ки дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифодаи умум қарор дода шуд.

Ҳамин гуна метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти воқеи ватан дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш даҳҳо иншоотҳои зебову замонавӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳалӣ бо тамоми шароитҳо сохта ба истифода дода шуд.

Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бо фарҳангии мардуми шарифи мост. Новобаста аз душвориҳои зиёд. Билохир нерӯи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад.

Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми мардуми шарафманди вилоятро бо 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон бахту саодат, сиҳҳатмандию комёбиҳои беназири меҳнатӣ ва баракати рӯзгорро таманно менамоям.

Бигузор бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад!

Рӯзи Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед