Суханронии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси шарафмандии  мост, ки бо рӯҳияи ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан  ва шукргузорӣ аз сулҳу амнияти мамлакат дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни пурифтихор — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  ҷашн мегирем.

Ба ифтхори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки баёнгари возеҳи соҳибдавлатии миллати мо арзёбӣ мегардад, аз номи кулли молиячиёни вилояти Хатлон   ҳамватанонро самимона муборакбод  гуфта, ба ҳар як сокини кишвар хонаи обод, сарбаландӣ ва некномиро таманно дорем!

Қабули парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бӯсидану ва ба чашмон молидан, дар зери ливои ҷовидона рӯйи саҳнаи сиёсат омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек барои мардуми Тоҷикистон гардида, инак дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати комил Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон партавафшонӣ менамояд.

Ин Парчами зебо мавҷудияти давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷиконро тасдиқ карда, дар қатори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатдорӣ демократию ҳуқуқбунёд, дунявию башардӯст ва ҷонибдори  сулҳу ҳамкориҳои осоишта будани давлати тоҷиконро  ба ҷаҳониён муаррифи намуд.

Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумот ва сарчашмаҳои таърихи қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ оини парчамдориро гиромӣ медоштанд.

Фахру ифтихор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас ливои озодию истиқлолият, ливои сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки маҳз дар  солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори Парчами давлатҳои  дигар Парчами тоҷиконро   варзишгарони номии тоҷик дар арсаи байналмиллалӣ чандин борҳо   баланд бардоштанд.

Бигзор,  меҳру  муҳаббати  мо  ба  Парчами  миллӣ,  ки  рамзи  воқеии  эътиқоду  имон  ба  давлату  миллат,  сарзамин  ва  тамаддуну  фарҳанг  аст,  беш  аз  пеш  афзун  гардад ва то  абад  парафшон  бошад!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳумоюн бод,  ҳамватанони  азиз!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед