Дар ҳамаи иду ҷашнвораҳо масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо пайрави аз амалҳои неку инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати молияи кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба қишри ниёзманди ҷомеъа кумак мерасонанд.

Дар иқдоми навбатии эҳсонкорӣ ба беморони Маркази вилоятии равонпизишки маводҳои модди аз қабили орд, равған, гушту биринҷ, сабзи, картошкаву пиёз, макарон, мевагиҳо, доруворӣ, маводҳои бехдоштии санитари ва дигар маҳсулоти аввалия дастрас карданд.

Аз чунин айёдату ғамхори, нафарони маскуни ин даргоҳ, ки бо ҳукми тақдир аз навозишу парастории фарзандону пайвандон дур мондаанд хушҳол гардиданд.

Дар идомаи расонидани кумак ба қишри ниёзманди ҷомеъа бо назардошти талабот нафароне, ки дар ин беморхона ба табобату парастори фаро гирифта шудаанд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Зеро ҷиҳати бозҳам беҳтар намудани шароитҳои буду бош ва таъмини онҳо бо маҳсулоти хуроквории серғозо чунин кумакҳои амали минбаъд низ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.

Ошхона ва ҳамоми муассисаи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии вилоят пурра аз таъмири капитали бароварда шуда, имрӯз ҷавобгу ба талаботи санитариву гигени мебошад.

Ба иттилои масъулини муассисаи мазкур аз ҷониби Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳамингуна иқдомҳои наҷиб амали карда мешаванд.

Дар ин доира ба аёдати якчанд оилаҳои ниёзманди шаҳри Бохтар рафта, ба онҳо низ кумаки амалии хешро расониданд.

Маҳз ҳамин нуқтаро ба назар гирифта, соҳибкорону шахсони саховатпешаи диёр ба ин табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа дасти кумак дароз менамоянд.

Маркази матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед