Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба соҳаи иқтисод, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҷамъбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру навоҳии вилоят дар соли 2020 мавриди таҳлилу барасӣ қарор дода шуд, ки дар он кормадони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилоятдар назди ҳозирин баромад намуда афзуд, ки соли сипаришуда бо руйдодҳои муҳиму хотирмони худ соли воқеъан таърихӣ барои молиячиёни вилоят боқи мемонад.
Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва амали гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 6,1 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 2% афзоиш ва хизматрасониҳои пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 1,8 млрд сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,7% коҳиш ёфтааст.
Гардиши савдои хориҷии вилоят 276,4 млн долар, аз ҷумла воридот 147,5 млн долар ва содирот ба 128, млн долар баробар гардид.
Ҳаҷми истеҳоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2020-ум ба 15,7 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2019-умба маблағи 1,3 млрд сомонӣ, сурати афзоиш 8,8%-ро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботи музди миёнаи моҳона ба 1028 сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 30 сомонӣ зиёд мебошад.
Мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102%ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103%таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1218, 5 млн сомонӣ маблағи пешбинишуда 1254,8 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 36,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Бақяпулии андоҳоро шаҳру ноҳияҳои Бохтар – 4 млн сомонӣ, Вахш — 4,8 млн сомонӣ, Хуросон — 3,1 млн сомонӣ, А. Ҷомӣ — 2,4 млн. сомонӣ, Ҷайҳун — 2,3 млн сомонӣ, Восеъ — 5,8 млн сомонӣ, Шаҳритӯс – 4 млн сомонӣ, ноҳияи Фархор – 364 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳоро нисбат ба аввали сол зиёд намудаанд.
Ҳамзамон дар ин давра дар доираи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ ва паҳншавӣ аз бемории сироятии коронавирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус, бақияи озоду даромади шаҳру ноҳияҳо 14,1 млн сомонӣ ҷудо карда шуд.
Илова бар ин, аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо ин мақсад 7,7 млн сомонӣ маблағҳо ҷудо гардида ба шаҳру ноҳияҳои вилоят равона карда шудааст.
Сипас, Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада сардорони Раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро баҳри иҷрои буҷетӣ маҳаллӣ, дарёфти манъбаҳои нави иловагии андозҳо, чораҳои иловагӣ андешанд, мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети аҳамияти ҷидди зоҳир намоянд, дар мадди аввал маблағҳои воридгардидаро барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулиҳо равона карда шавад.
Ҳамчунин, Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Хатлон зикр намуданд, ки мақомотҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки барои сифатнок иҷро намудани нақшаи қисми даромади буҷети маҳалли ва самараноку мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷет аҳамияти хосса зоҳир намоянд.
Гуфта шуд, ки дар ассоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам беҳтару хубтар намуда бо дастовардҳои арзандаи меҳнати пешвоз гирем.
Далер ШАРИПОВ,
котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед