Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи дар семоҳаи соли 2021 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 727,7 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоизро ташкил дода 48 млн. сомонӣ афзудааст.

Мувофиқи маълумотҳо бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 344 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 358,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 14,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 51 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Маркази матбуотии

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед