11-14 октябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия семинари минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) оид ба мониторинг ва арзёбӣ бо иштироки 50 намояндаи мақомоти давлатӣ ва кормандони лоиҳаҳои аз ҷониби Фонди мазкур маблағгузоришаванда аз 11 кишвари Аврупои Шарқӣ, Шарқи Наздиқ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ чун меҳмони фахрӣ иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати молияи кишвар   хабар доданд, Юсуф Маҷидӣ дар машварат доир ба вазъи кунунии ҳамкории Тоҷикистон  бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ сухан гуфта, аз он изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр гардид, ки шурӯъ аз соли 2008 бо ҷалби сармоягузории IFAD дар кишвар 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 80 млн. доллари амрикоӣ татбиқ гардида, шумораи манфиатгирандагон дар маҷмӯъ 300 ҳазор хонавода аз 17 ноҳияи ҷумҳуриро ташкил додааст.

Юсуф Маҷидӣ миннатдории худро ба роҳбарияти  Дафтари минтақавии IFAD барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои ташкили чунин машварати муфид ва даъвати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва кормандони лоиҳаҳои Фонд дар Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар машварат маросими супоридани сертификатҳо ба шунавандагони семинари омӯзишӣ бо иштироки муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Дафтари минтақавии IFAD барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

14 октябр вохӯрии муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ бо Директори Дафтари минтақавии IFAD барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Бернард Ҳиен ва Директори кишварии IFAD барои Тоҷикистон Микаэл Каутту баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тарҳрезӣ ва омодасозии лоиҳаи нави IFAD таҳти унвони «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (CASP+) мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳадафи асосии лоиҳаи CASP+ аз баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳот, тақвият бахшидани амнияти озуқаворӣ ва рафъи осебпазирии аҳолӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим иборат мебошад, ки ба ҳадафу афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 пурра мутобиқат менамояд.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур ба 77,66 млн доллари амрикоӣ баробар буда, аз ин ҳисоб сармоягузории IFAD 38,5 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҷалби ҳаммаблағгузорӣ аз ҷониби Фонди Иқлими Сабз дар ҳаҷми 39 млн доллар ва аз Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ 0,16 млн доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ баён доштанд.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед