13-уми июни соли 2023 дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ бахшида таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон бо ибтикори масъулин чорабинӣ доир гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят Қурбонзода Тоҷидин, муовини сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Давлатзода Бобоназар ва дигар кормандони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии ин ниҳод ширкат варзиданд.
Ҳадафи баргузории хонишҳои сиёсӣ ин пеш аз ҳама расонидани муҳтаво ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои сардори давлат оид ба таҳкими сиёсати молиявӣ, вобаста ба вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, гиромидоштани арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеъа ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият арзёби карда мешавад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар Сарраёсати молияи вилоят бо пешниҳоди ҳайати кормандон раиси намояндагии филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, корманди Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Маҳмадамин Гурезов бо овоздиҳии якдилонаи иштирокчиён интихоб карда шуда, зимнан аз ҳисоби кормандони мақомоти мазкур ба филиали Иттифоқи ҷавонон кормандони сохтори марбута низ аъзо гардиданд.
Возможно, это изображение 3 человека
Дар фарҷоми ҳамоиш ба роҳбарият ва як қатор кормандони Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон «Сипоснома»-и Иттифоқи Ҷавонон Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Возможно, это изображение один или несколько человек
Шуъбаи таҳлил ва иттилооти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед