Бо мақсади раванди таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои даромади буҷети давлатӣ, дуруст ворид намудани рақамҳои назоратии даромади буҷети давлатӣ дар Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ (TFMIS), таъмини огаҳии бештари кормандони мақомоти молия ва андозсупорандагон аз муқарароти қонунгузории андоз ва дигар қонунҳои амалкунандаи соҳаи молия барои такмили донишу маҳорати кормандони соҳаи молияи вилояти Хатлон як силсила чорабинии фаҳмонидадиҳӣ пешбини  гардидааст.

Аз ҷумла, дар доираи амалисозии ин тадбир дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он Иззатуллозода Ҳабибулло сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон, намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Олим ва Муъминзода Меҳроб, сардорони раёсатҳои молияи 25 шаҳру ноҳияиҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои банақшагирии даромадҳои давлатӣ ширкат варзиданд.

Возможно, это изображение 5 человек и текст

Дар рӯзи аввали чорабинӣ масъулону мутахассисон  оид ба  тартиби таҳияи лоиҳаи дурнамои даромадҳои давлатӣ, ворид намудани рақамҳои назоратии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ ба иштирокчиён иттилоъ доданд.

Тавре зикр гардид, ҳамоиши мазкур дар асоси фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2023, №50 «Оид ба гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ» аз ҷониби кормандони Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии чорабинии мазкур, муқаррароти Кодекси андоз ва санадҳои зерқонунии он, тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва пурра ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо ва боҷҳои давлатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018, №565 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” мебошад.

Возможно, это изображение 4 человека и текст

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши омӯзишӣ ду рӯз идома ёфта, кормандону мутахассисони соҳа дар баробари омӯзиши мавзуъҳои зикргардида, ҳамчунин, омилҳои дар амал татбиқ намудани муқарароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои зерқонунии Кодекси андоз, аз ҷумла қарорҳои ҲҶТ дар бораи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ- хазинавӣ, оид ба вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти идоравӣ дар соҳаи молия ва андоз, ҳамчунин омилҳои рушду ривоҷ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро баррасӣ хоҳанд намуд.

Шуъбаи  иттилоотии  Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед