Имрӯз 16.06.23 дар Раёсати андози вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ бо иштироки мутахассисони Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, масъъулони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсатҳои андози шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар семинар машварати имрӯза самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти молия ва андоз баррасӣ гардида, иштирокчиён оид ба масъалаҳои раванди таҳияи лоиҳаи нишондиҳандаҳои даромади буҷети давлатӣ, таъмини огаҳии бештари кормандони мақомоти молия ва андозсупорандагон аз муқаррароти қонунгузории андоз маълумоти бештар пайдо намуданд.

Возможно, это изображение текст

Маврид ба ёдоварист, ки семинар — машварати имрӯза дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такмили таҷрибаву ихтисоси кормандон маншаъ гирифта, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Тавре зикр гардид, баргузории чунин семинарҳо дар тақвияти ҳамкориҳо миёни кормандони мақомоти молия ва андоз нақши муҳим бозида, ҳамчунин ба ташаккули зеҳнии мутахассисон ва табодули таҷрибаи байниҳамдигарии онҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся и больница

Ҳадаф аз ташкилу баргузории семинар-машварат, ин такмили донишу маҳорат ва табодули таҷриба миёни кормандони соҳаи молия ва андоз арзёбӣ гардида, давоми ду рӯз иштирокчиён оид ба муҳимтарин  мавзӯъҳои вобаста ба самтҳои фаъолияти хеш иттилоти бештар дарёфт намуданд.

Дар рафти семинар миёни роҳбарият, мутахассисон ва кормандони сатҳи гуногуни соҳаҳои молия ва андоз пурсишу посухҳо оид ба масъалаҳои рӯзмараи кормандони ин ниҳод саволу ҷавоб сурат гирифт.

Возможно, это изображение 2 человека

Тавре иттилоъ дода шуд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки чунин семинар-машварати омӯзиширо дар тамоми минтақаҳои кишвар роҳандозӣ намуда, ҷиҳати сайқал додани донишу маҳорат ва такмили ихтисоси кормандони соҳа чораҳои зарурӣ биандешанд.

Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед