Дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586  “Дар бораи татбирҳои вусъат додани њисоббаробаркунии ғайринақдӣ Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори раиси вилояти Хатлон таҳти №141  ба тасвиб расида, имрӯзҳо дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи буҷетии вилоят як силсила чорабиниҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамоиши имрӯза, ки бо ташббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Сарраёсати молияи вилоят баргузор гардид, дар он масъалаи ҷоннок намудани тадбирҳои судманд ҷиҳати вусъат бахшидани низоми нави ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳои давлатӣ тариқӣ ғайринақдӣ баррасӣ гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон, масъулону мутахассисони соҳаи бонкдорӣ, андоз ва коршиносону роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Тавре дар оғози ҳамоиши имрӯза Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон иброз дошт, дар амал татбиќ намудани Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон “Дар бораи татбирњои вусъат додани њисоббаробаркунии ѓайринаќдї” пеш аз ҳама, аз кормандону мутахассисони соҳаи молия, андоз, бонку дигар бахшҳои иқтисодиёти вилоят вобастагии муҳим дорад.

Тавре огоҳӣ дорем Фармони мазкур аз санаи 1 августи соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифта, аз ин ба баъд тамоми пардохтҳои андоз, боҳҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи датмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

Вобаста ба ин Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳо дар ин самт як зумра тадбирҳои муҳим, аз ҷумла чорабиниҳои омӯзиширо ба роҳ мондааст, ки дар он доираи васеи намояндагони идораву ташкилотҳо ширкат хоҳанд намуд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории чунин ҳамоишҳои омӯзишӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидани раванди хизматрасониҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди вилоят арзёбӣ мегардад. Зеро, гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба устувории асъори миллӣ мусоидат намуда, фаъолияти моро дар самти амалишавии тамоми намуди андозҳо ва ҷаҳонишавии иқтисоди кишвар ҷоннок мегардонад.

Дар ҳамоиш инчунин, Самадзода Фирдавс Ҷаббор, мудири шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, оид ба моҳияти гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки рушди низоми муосири пардохтҳои давлатӣ ва дигар амалиётҳои ғайринақдӣ талаботи замон буда, дар баробари осон гардонидани хизматрасониҳои пулӣ, инчунин, ба устувории асъори миллӣ, бартараф намудани тамбашавӣ дар назди банкоматҳо ва ҳалли дигар мушкилиҳо дар ин самт мусоидат менамояд.

Дар идомаи ҳамоиш миёни коршиносони соҳа оид ба мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта табодули андеша сурат гирифт. Зикр гардид, ки дар радифи фароҳам овардани имкониятҳои техникӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд иҷрои гардидани Фармони Президенти Љумњурии Тоҷикистон “Дар бораи татбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, ҳамчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ дар ин самт муҳим аст.

Мавриди зикр аст, ки гузариш ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ омили таъмини шаффофоият дар раванди ҳамагуна пардохтҳо арзёбӣ гардида, анозсупорандагон метавонанд ҳама гуна амалиётҳои бонкиро ба таври осон ва бе сарфи вақти зиёдатӣ анҷом диҳанд.

Дар фарҷом роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба масъалаҳои гуногуни амалигардии иқдоми мазкур ба мутахассисону коршиносони соҳаи бонкдорӣ суолҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед