Имрӯз 27.07.23 дар Кохи Фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар нишасти матбуотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон доир гардид, ки дар он роҳбарияти Сарраёсат, масъулони раёсату шуъбаҳои ниҳоди мазкур ва намояндагони ВАО-и вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд.
Нишасти матбуотиро бо сухани муқаддимавӣ Ҳабибулло Иззатуллозода ифтитоҳ бахшида, нахуст оид ба нишондиҳандаҳои даромади буҷети вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба рӯзноманигорон маълуот дод.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 1155,4 млн. сомонӣ ё ин, ки 88,4 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои иљтимоиёт равона карда шудааст.
Барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад 1101,9 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки 84,2 фоизи хароҷоти умумиро дар нимсолаи аввали соли 2023 дар бар мегирад.
Аз ҷумла барои музди меҳнат 859,0 млн. сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 218,0 млн. сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 17,0 млн. сомонӣ, барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 6,9 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумотҳо маблағи ҳисбошудаи рухсатпулии омузгорон 196,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки то ба имрӯз бо пуррагӣ маблағгузорӣ гардида 100 фоизи маблағҳои ҳисобшударо ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби маблағҳои барзиёдии буҷетҳои маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ дар маҷмуъ ба маблағи 9,7 млн. сомонӣ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин равона шудааст.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 апрели соли 2023, №88 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 2,6 млн. сомонӣ 19 фоиз ва ба соҳаи тандурустӣ 373,0 ҳазор сомонӣ 19 фоиз маблағгузорӣ карда шудааст.
Ҳамзамон, дар ин давра аз буҷетҳои маҳаллӣ ба ташкилотҳои роҳтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 3,0 млн. сомонӣ 44 фоиз маблағгузори карда шудааст.
Ҳабибулло Иззатуллозода ҳамчунин иброз дошт, ки дар асоси нақшаи корӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шуъбаи «Аудит»-и дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молия дар вилоят ва мутахассисони Раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо дар 209 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ таҳлилҳои интихоби гузаронида, ба маблағи 8,8 млн. сомонӣ камбудиҳоро ошкор намуданд.
Аз маблағҳои ошкоргардида 7,5 млн. сомонии онро зарари молиявӣ ташкил менамояд.
Дар рафти таҳлилҳои интихобӣ аз маблағи умумии ошкоркардашуда 6,9 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки аз ин маблағ 884,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 6,0 млн. сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рост меояд, ки 78,1 фоизи маблағҳои ошкоршударо дар бар мегирад.
Инчунин бо дархости мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 60 мавод ба маблағи 5,9 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкоркардашуда барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда шудаанд.
Дар идомаи суханронӣ Сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои доимии намояндагони ВАО бо мақомоти молия дар шаҳру ноҳияҳо ёдовар гардид.
Иброз дошт, ки сари вақт огоҳ намудани камбудиҳои ин ё он соҳа аз кормандони ВАО вобастагии зиёд дорад.
Дар навбати худ моро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани он камбудтҳои ҷойдошта тамоми чораҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, баҳри иҷрои қарору қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои нақшаи қисми даромадӣ буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби потенсиалӣ дохилӣ якҷоя бо сохторҳои дахлдор корро зич ба роҳ монем.
Баъди маърўзаи сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода намояндагони ВАО оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти соҳа пурсон шуда, ба суолҳои худ посухҳои мушахас гирифтанд.
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед