Возможно, это изображение 1 человек и отдел новостей
Милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсисёбияш роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ ва иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуда буд сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии худро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик, дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барқарор намудани сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини истиқрори сулҳу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ин касби пурифтихор намуда, суннатҳои волои ватандӯстӣ ва садоқат ба касбу савгандро ба насли имрӯзи мақомот боқӣ гузоштаанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллату давлат саҳифаи навину дурахшон оғоз гардид, ки дар он солномаи мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо ва садоқат ба касбу савганди кормандони милитсия сабт гардидааст.
Саҳифаҳои таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд ва инсондӯстиву ватандӯстист.
Бояд гуфт, ки чун дигар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ кормандони милитсияи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон низ ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти босамар доранд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.
Маҳз фаъолияти пурсамар ва иҷрои баланди ӯҳдадориҳои хизматӣ, тактика ва донишу малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилист, ки имрӯз дар саросари кишвар сулҳу осоиштагӣ ҳукфармост.
Мақомоти корҳои дохилии кишвар имрӯз ба як неруи муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, қодир аст, ки аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осоиштаи сокинон хатар эҷод мекунад, ҷилавгирӣ намояд.
Милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зиннаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.
Ҳамасола таҷлил шудани Рӯзи кормандони милитсия шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат хоса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ буда, ҳар кормандро водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намояд.
РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК МУБОРАК ҲОМИЁНИ ДАЛЕРУ ШУҶОИ ВАТАН!
Шуъбаи иттилоотии Сарраёсати вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед