Сухани табрикотии Иззатуллозода Ҳабибулло, сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз!
Дӯстон ва ҳамкасбони арҷманд
Наврӯзи оламафрӯз, бо шодиюву нишоташ ба сарзамини аҷдодии Тоҷикистони азизу меҳбуб ва соҳибистиқлол қадам мегузорад. Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат руҳи инсонро низ ба куллӣ тағъир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад.
Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.
Қобили қайдаст, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти далатии мамлакат ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саодати ҷовидона, ки дар масири ҳазорсолаи таърих ба насли имрӯзаи тоҷикон насиб гардид, ки имруз аз ҷониби ҳамватанон бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.
Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми ҷаҳонӣ касб кард ва имрӯз дар саросари руи олам таҷлил карда мешавад.
Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯз саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.
Бо ҳамин таманниётҳои нек кулли кормандони соҳаи молияи вилояти Хатлон ва ба тамоми мардуми саодатманду соҳибфарҳанги Тоҷикистони азизу маҳбуб ҷашни фархундаи Наврӯзро табрику таҳният гуфта, ба хонадони шумо иқболи нек, рӯзгори орому осуда ва файзу баракати зиёдро таманно дорам.
Ҷашни Наврӯз муборак!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед