Ба маърифат рӯ овардани мардум ба китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба китоб зич алоқаманд аст. Ин далелро  дар тӯли таъирихи ҳазор соли  охири миллатамон бараъло дида метавонем. Андешаи мазкурро  мавҷудияти даҳо ҳазор нафар адибону олимони соҳибкитоби тоҷик собит карда, миллати мо дар қатори миллатҳое дохил мешавад, ки  дар шаклгирии  тамаддуни башарӣ ҳиссаи чашмрас дорад. Аз ин хотир ба китоб рӯй овардани мо тоҷикон идомаи анъанаи неки ниёгон аст, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолашон ба Маҷалиси олии кишвар махсус зикр намуданд.

 

Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин омили муҳими таърихи ва ҳаётан муфидро ҳамеша пеши назар доранд. Ва ба ривоҷи китобхониву китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.  Ба  мақсади дар амал татбиқ кардани пешниҳоди Роҳбарияти олии ҷумҳурӣ кормадону  роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ва имкониятҳои дохилӣ дар назди бинои Сарраёсат китобхонаи худро ифтитоҳ карданд, ки  дар он адабиётҳои сиёсӣ, илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ ва ғайра гирд  оварда шудаанд.Инчунин зиёда аз 15 ҳазор нусха китобҳои гуногун ба хотираи компиётери китохона ворид карда шуда, ҳар як муштарӣ метавонад аз онҳо истифода намояд.   Китобхона ба таври замонавӣ таҷҳизонида шуда  кормадони соҳаи молия ва касбу кори гуногун метавонанд аз ин махзани дониш пурсамар истифода баранд. Барои онҳое, ки мехоҳанд дар толори китобхона адибиётҳои дилхоҳашонро мутолёа кунанд, шароити мусоид мавҷуд аст.

 Назарзода Бахтиёр Худоёр — сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар суҳбат  чунин гуфт.

   — Китобу китобдорӣ дар асл ҳам яке аз суннатҳои қадимаи тоҷикон  ба ҳисоб меравад ва мардум ба китобу китобдорӣ пайваста таваҷҷуҳи хосса зоир менамоянд.Ин ъанаи неку маърифатпарварона то ба имрӯз омада расидааст ва ин рисолатро бояд ҳар як зиёии рушанфикри тоҷик содиқона ба иҷро расонад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонӣ диққати махсус дода, таъкид доштанд, ки ба масъалаи ҷалби оммаи васеъи аҳолӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд   ва қайд намудаанд, ки китобхонаҳо ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд.   Дар ин робита мо дар назди Сарраёсати молияи вилояти Хатлон китобхона ташкил намуда,  анъанаи китобдории миллатамонро дар замони муосир рӯи кор овардем.  Кормадони мо аз китобхона мунтазам истифода бурда, савияи дониш, забондонию забономӯзӣ ва маърифати худро баланд мебардоранд.Мо тоҷикон таърихи пуршарафу пурифтихор дорем, ки он мактаби бузурги омӯзишу сайқали дониш ва ривоҷи маърифат буда, барои насли имрӯз пайравӣ аз он аҳамиятнок    мебошад.Мо тасмим дорем, ки дар оянда хазинаи китоби китобхонаро боз ҳам бойтар намуда, натанҳо ба кормандони соҳаи молия, балки ба кулли хоҳишмадон хизмати маданиву маърифатӣ расонем.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед