Имрӯз 16-уми апрели соли равон 2020 аз ҷониби Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилоти Хатлон Сарраёсати молияи вилояти Хатлонро барои иштирок дар озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ сазовори ҷойи якум, гардид, ки ба Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят супорида шуд.

Кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба масъалаи ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар саҳни ҳавлии Сарраёсат аҳамияти ҷиддӣ дода, зиёда аз 6 –ҳазор бех гули лола ва гулбуттаҳо шинониданд.

Саҳни ҳавлии Сарраёсат имрӯз ба гуллзори ҳақиқӣ шабоҳат дошта, дар он 10-намуд гули лола нашъу намо доранд.

Лолаҳои ҳарранга  манзараи  саҳни ҳавлиро бисёр зебову дилрабо ба ҷилва оварда, таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Бохтарро ба худ ҷалб менамоянд.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед