Бино ба иттилои  Назарзода Бахтиёр Худоёр сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар доираи  ҳидоятҳои роҳбарияти  олии мамлакат махсусан, Асосгузори сулҳу вадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастуру супоришҳои ҳаррузаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода барои пешгирӣ аз бемории короновирус- COVID-19 аз аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии  шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон   5 миллиону 358 ҳазор  сомонӣ  ҷудо  гардид.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон аз ҷониби раиси вилоят дастур гирифт, ки барои  тақвияти корҳои пешгирикунанда ва ҳамчунин мубориза барзиёдии вируси нави COVID-19  маблағи иловагӣ зам карда шавад, аз ҷумла  барои духтурони маълумоти олидор  500 сомонӣ,  коргарони хурди тиб 400-сомонӣ, ва ба духтурони хурди тиб 300 сомонӣ пешбини шавад.

Дар ин  лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилоят  даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии аз бемории короновирус COVID-19   пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед