Имрӯз, 2 май, таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр намуд, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро вабои нави аср, бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигаронӣ гирифтор кардааст. Тоҷикистони мо низ аз ин раванд истисно нест, бинобар ин, набояд хотирҷамъу бепарво бошем. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунанда оид ба пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (CОVID-19) фаъолият намуда, тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд», — афзуд Қурбон Ҳакимзода.

Муовини раиси ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи маърӯзаи худ зикр намуд, ки то кунун дар сатҳи вилояти Хатлон барои бистаринамоии гумонбарони бемории сироятии нави коронавирус шароити муносиб дар беморхонаҳои сироятӣ ва дигар беморхонаҳои эҳтимолӣ фароҳам оварда шуда, 10740 кат барои бистарии шаҳрвандон дар ҳолати омодагӣ қарор доранд.

Дар сатҳи вилояти Хатлон шурӯъ аз моҳи апрел гурӯҳҳои кории вилоятӣ дар 25 шаҳру ноҳия таъсис дода шуда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ корҳои тарғиботиро бурда истодаанд.

Ҳамчунин ситоди доимамалкунанда дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияти худро пурзӯр карда, ҳар ҳафта ситодҳо  гузаронида мешаванд.

Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати пешгирӣ аз бемории мазкур захираи маводҳои лозима, аз ҷумла ниқоби махсуси тиббӣ 123 ҳазору 477 адад, дастпӯшак 95 ҳазору 142 адад, хилъат 5049 адад, калапӯш 6692 адад, хилъати яккарата 4368 адад, пойафзол 1289 ҷуфт, термосканер 98 адад, хокаи хлор 18 тонна, маҳлули антисептикӣ 103 ҳазору 205 зарфи 100-милилитра, ниқоб барои оксиген 821 адад, лампаи квартсил 439 адад, контейнер барои маводҳои биологӣ 196, контейнер барои сентрофуг 20, айнаки яккарата 1668 адад ва хилъати сатҳи 3,  422 ададро ташкил менамояд.

Ба санаи 1 майи соли 2020 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 219 нафар таҳти назорат (карантин) қарор дорад.

Аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ва бригадаҳои махсуси соҳаи тандурустӣ аз рӯйи усули фардии “Хона ба хона” гардиши хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, 2 миллиону 684 ҳазору 300 нафар ба суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуда, зиёда аз 1 миллион адад маводҳои иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳолати пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус миёни аҳолӣ тақсим карда шуд.

Бино ба иттилои масъулини Раёсати безараргардонии вилояти Хатлон, то санаи 30 апрели соли ҷорӣ дар ташкилоту муассисаҳо дар масоҳати 47508м2, дар 1071 хоҷагӣ дар масоҳати 73 ҳазору 279м2 корҳои безараргардонӣ анҷом дода шудааст.

Бо мақсади ҳавасмандии кормандони соҳаи тиб, ки дар карантин қарор доранд, аз ҷониби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят ба маблағи 13900 сомонӣ кумакпулӣ дода шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои безараргардонӣ ва оммафаҳмонӣ дастур дода, афзуд, ки тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият (бо истифода аз техникаву технологияи мавҷуда), бозору нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркаш, кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон,  тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо, таъмини роҳрави безараргардонӣ (дизбарйер) ва маводҳои антисептикӣ чораҳои бетаъхир андешида шавад. Зикр гардид, ки аз баргузории ҷамъомаду намоишҳо бо иштироки васеъи аҳолӣ худдорӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд. Шароити арзандаи кориро барои табибон дар маҳал муҳайё сохта, бо истифода аз ҳама имкониятҳо кӯмаку дастгириҳои иҷтимоӣ намоянд.

— Давлату ҳукумат, махсусан Пешвои миллат, доимо дар фикри солимӣ ва наҷоти миллат ҳастанд, — идома дод Қурбон Ҳакимзода. — Мардуми мо мушкилоти зиёд аз сар гузаронид, махсусан дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ. Ин вабо ба сари инсонҳои кулли сайёра омадааст. Бо сабру таҳаммул бошед, танҳо бо риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ метавонем дар муҳлатҳои наздиктарин аз ин вабо халос  шавем.

Дар ин самт ҳар яки шумо — фаъолон бояд паҳлуи мардум бошед. Халқ мову шуморо дар лаҳзаҳои парешонӣ бояд паҳлуи худ бинад. Ноумедӣ дур шуда, эътимоду муҳаббат ба давлат зиёд мешавад.

Аз ҷониби раиси вилоят таъкид шуд, ки риояи гигиенаи шахсӣ дар оила (мунтазам шустани дастон бо собун, коркарди ашёҳои истифодашаванда (телефони мобилӣ) ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ), поккории манзили зист ва гирду атрофи он, ҳангоми гаштугузор ва суҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи фосилаи на кам аз 1,5 метр, безарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ба рӯю бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонидан, истеъмоли маҳсулоти ширӣ ва сабзавот,  бештар ба варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим машғул шудан, истифодаи гиёҳҳои шифобахш, бо даст салом накардан, ба кӯдакон дар давраи таътили муваққатӣ тавсияи хониши китобҳои бадеӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус мебошад.

Бознашр   Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

                    дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед