Ба ҳолати 12 май ба суратҳисобҳое, ки бо мақсади мутамарказонидани кумакҳои молиявии барои пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19 воридшаванда дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Бонки миллӣ бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла бо рубли русӣ ва доллари америкоӣ кушода шуданд, 6,3 млн сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллари америкоӣ ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ягон сомонӣ аз ин маблағҳо масраф нашудааст ва маблағҳои мазкур дар асоси супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хароҷот карда мешаванд.

«Ҳисобот дар бораи истифодабарии маблағҳои болозикр дар сомонаи Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нашр карда мешавад, — омадааст дар иттилоияи манбаъ ва тазаккур дода шудааст, ки ин раванд, яъне аз рӯи таъйинот истифода шудани кумакҳои молиявӣ бо тартиби амалкунанда аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешавад».

Бояд тазаккур дод, солимии ҷомеа неъмати бебаҳо буда, танҳо бо иттиҳод ва ҳамбастагӣ аз ин вабои аср метавон раҳоӣ ёфт.

  Бознашр аз АМИТ «Ховар»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед