Дасти кӯмак дароз намудан ба ятимон ва оилаҳои ниёзмадон  яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Бо  ҳамин мақсад роҳбариёти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  бо пайравӣ аз амалҳои неку ғамхоронаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  арафаи  иди  саиди Фитр беш аз 10-ҳазор сомонӣ ба  ниёзмандон   кӯмак расонид.

Аз ҷумла аз ҷониби масъулони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба ташкилоти ҷамияти маюбон, пайвандсоз  ва нобиноёни шаҳри Бохтар ва ҳамчунин ҷамияти  иттиҳоди миллӣ маъёбон дар ноҳияҳои Қубодиён, Хуросон ва ба як қатор шахсони эҳтиёҷманд   кӯмаки худро расониданд.

Дар ин баробар ба хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар   кӯмаки моддӣ аз қабили орд, равған, гушту биринҷ, шириниҳо, ва дигар маҳсулоти маводи аввалия кӯмак расонида шуд. Чунин амали хайру савоб боиси хушҳоливу рӯҳбаландии бошандагони хонаи пиросолони шаҳри Бохтар   гардид, ки онҳо   миннадории самимии худро ба роҳбарияти давлату ҳукумат махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    инчунин ашхоси саховатпеша  иброз намуданд.

Ҳамзамон дар доираи ин иқдоми нек роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  барои пешгирӣ аз бемории сирояти короновирус COVID-19  ба бошандагони хонаи пиросолони шаҳри Бохтар  ниқоб, антисептикҳо ва ҳамчунин зиёда аз 13 намудҳои дорувориҳои гуногуни зарури дастрас карда шуд.Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, ки чунин тадибирҳои неку хайрхоҳонаро минбад низ амали мекунанд.

 Далер ШАРИПОВ,

  котиби  матбуотии  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед