Дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.

Зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 дар сатҳи вилоят тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус вусъат дода, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам корҳои безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо амалӣ шуда истодааст.

Тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон шиддати бемории сирояти нави коронавирус нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст гардида, вазъи бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шудааст. То ин вақт наздик ба чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, феълан ҳудудан 180 нафари дигар таҳти назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор доранд.

—Ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, то ин муддат 1,1 миллион сомонӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ зиёда аз 11 миллион сомонӣ барои татбиқи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст, — қайд кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Муовини раиси Ситоди вилоятӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи маърӯзаи худ зикр намуд, ки шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз дар сатҳи вилояти Хатлон корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ ва безараргардонӣ дар тамоми муассисаю ташкилотҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоотҳо саддҳои безараргардонӣ гузошта шудааст. Аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ 34 ҳазор манзили зист бо истифода аз маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ поксозӣ шудаанд.

Баҳри хизматрасонии босифат ва баландихтисоси тиббию санитарӣ ба беморон, хусусан ба беморони мубталои бемориҳои сироятӣ, тибқи дастуру супоришҳои Ситоди вилоятӣ мунтазам рейдҳои муштарак гузаронида шуда, ҳолати омодабошии муассисаҳои тандурустӣ мунтазам мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад.

Ҳамзамон ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва дар маросимҳои азодорӣ иштирок намудани наздикони майит дар ноҳияҳо санҷида шуд. Санҷиш муайян намуд, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи занон ба хонаи фавтидагон рафта, бе риояи фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқоб иштирок мекунанд, ки сабаби афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла паҳншавии коронавирус шуда метавонад. Чунин камбудиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён ва Вахш ба қайд гирифта шуд.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда, ҳанӯз ҳам корҳои оммафаҳмонӣ бояд пурзӯр карда шуда, аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ ба аҳолӣ бештар шарҳу тафсир дода шавад.

Чораҳои қатъии профилактикӣ ва зиддиэпидемикӣ (безараргардонӣ) дар инфрасохторҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, ташкил ва гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили машварату ҳамоишҳо, чорабиниҳои варзишӣ, намоишҳои кино ва театр муваққатан манъ карда шудааст.

Дар идомаи кори ҷаласа Мирзоалӣ Раҷабзода — сардори Раёсати тандурустии вилоят, М. Абдуқодирзода – сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, Н. Бояков – директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, Ш. Мусозода – сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Р. Раҳимзода – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, Д. Исозода – сардори Раёсати маорифи вилоят ва дигар аъзои Ситоди вилоят доир ба корҳои анҷомёфта ҳисобот доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба масъулони Ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити арзандаи корӣ барои табибони бемористонҳо, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва баланд бардоштани маърифати тиббии кӯдакону наврасон ва ҷавонон, пешбурди корҳои омафаҳмонӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру супоришҳо доданд.

Зикр шуд, ки мардуми шарифи вилояти Хатлон дар ҷавоб ба муроҷиати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан мебошанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд, имрӯзҳо барои таъмин намудани рӯзгори худ ва тоҷикистониён мекӯшанд, ки ҳарчи бештар маводи ғизоӣ истеҳсол намоянд.

Тавре ки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона изҳор намуданд, мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. “Зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад, алалхусус, дар давраҳои ҳассосу вазнин саъю талоши бештар ба харҷ медиҳад, заҳмат кашида, аҳли оилаи хеш ва мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин мекунад, сарфаю сариштакорӣ, сабру таҳаммул ва оромиву тамкинро бештар риоя менамояд”, — таъкид медоранд Пешвои миллат.

Мо бояд ба ояндаи неки худ, фарзандон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта, дар амри ватандорӣ ташаббускор ва масъулиятшинос бошем.

   Бознашр аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии

           дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед