Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Сарраёсати молияи вилоят оид ба натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои  вилоят дар шашмоҳаи якуми соли  2020 мавриди барасӣ қарор гирифт, ки дар он кормадони дастгоҳи маркаии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, сардорони Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилоят иштирок доштанд.

Нахуст, Назарзода Бахтиёр,  сардори Сарраёсати молияи вилоят дар бораи ҷамбасти натиҷаҳои иҷроиши буҷети маҳаллии  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷори ҳисобот дод.

“Рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти андози ичтимоии ғайрибуҷетӣ 91 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 92 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 629,9 млн сомонӣ маблағи  пешбинишуда 579,4 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 51,0 млн сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 39,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.”, — иброз дошт  сардори Сарраёсати молияи вилоят.

Зимни баромади масъулони соҳа таъкид рафт, ки бақ япулии андоҳоро шаҳру ноҳияҳои Бохтар 6,6 млн. сомонӣ, Кӯшониён 3,6 милн. сомонӣ, Вахш 4,0 млн. сомонӣ, Хуросон 1,0 млн. сомонӣ, Дӯстӣ 884,0 ҳазор сомонӣ, А Ҷомӣ 1,5 млн. сомонӣ, Ҷайҳун 2,5 млн. сомонӣ, Шаҳритуз 3,4 млн, сомонӣ, Кӯлоб 1,5 млн. сомонӣ, Муъминобод 455,0 ҳазор сомонӣ, Восеъ 3,5 млн. сомонӣ, Фархор 242,0 ҳазор сомонӣ, Ховалинг, 479,0 ҳазор сомонӣ ва  Балҷувон 74,0 ҳазор сомонӣ нисбат ба  аввали сол зиёд намудаанд. Аз руи маълумотҳо ба ҳолати 1 июни  соли 2020  бақияи қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷумъ маблағи 194,8 млн сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 25,8 млн сомонӣ зиёд гардидааст.

Тазаккур рафт, ки  давраи сипаригашта хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо наардошти маблағҳои  мақсадноки ҷумҳуривӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоятӣ 836,4 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки 87 фоизи нақшаи  хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботи ташкил медиҳад. Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, COVID-19, муолиҷаи саривақтии беморон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус бақияи озоду даромади шаҳру навоҳӣ 13 миллиону 41 ҳазору 60 сомонӣ ҷудо гардид.

Назарзода Бахтиёр ҳамчунин иброз дошт, ки дар 6-моҳаи аввали соли ҷори пеш аз ҳама таваҷҷуҳи Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои пардохти  саривақтии музди меҳнат ва  сарфаи маблағҳои дуюминдараҷа нигаронида шуда, тамоми Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо кушиш ба харҷ доданд, ки аз руи  имкониятҳои воқеии буҷет  маблағгузории соҳаҳоро ба роҳ монанд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки дар маҷмуъ 740,3 млн сомонӣ ё ин, ки 88,5 фоизи маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои ичтимоиёт, аз ҷумла маориф 485,8 млн сомонӣ, танурустӣ, 215, 6 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ,4 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 33, 5 млн сомонӣ равона карда шудааст.

Сипас,  Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада  сардорони Раёсатҳои молияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро баҳри иҷрои босифати буҷетӣ маҳаллӣ, дарёфти манъбаҳои нави иловагии андозҳо, чораҳои иловагӣ андешанд,  мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети  аҳамияти ҷидди зоҳир намоянд, дар мадди аввал маблағҳои воридгардидаро барои пардохти саривақтии музди меҳнат, фонди нафақа ва ҷубронпулиҳо равона карда шавад.

Ҳамчунин, Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон зикр намуданд, ки мақомотҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки  барои сифатнок иҷро намудани  нақшаи қисми даромади буҷети маҳалли ва  самараноку мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷет аҳамияти хосса зоҳир намоянд то дар фаъолити кориашон камбудиҳо ба чашм нарасад.

Дар интиҳои ҷаласа   таъкид   карда шуд, ки  дар ассоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро боз ҳам беҳтару хубтар намоянд.

  Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед