Дар ассоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати милли — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқ намудаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир ба ҷамбасти натиҷаҳ ои иҷроиши буҷети маҳллии шаҳру навоҳии дар нимсолаи якуми соли 2020 бо иштироки васеъи рӯзноманигорон дар толори Сараёсати молияи вилояти Хатлояти Хатлон нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни оғози нишасти хабари сардори ин ниҳод Назарзода Бахтиёр дар назди намояндгони ВАО баромад намуда афзуд, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдори вилоят тибқи дастуру супоришҳои сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” давоми 6-моҳи соли ҷори корҳои муайяанеро ба анҷом расонидаанд.

«Рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  аз рӯи контингенти умумӣ  бо назардошти андози ичтимоии ғайри буҷетӣ  91 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳ ои худӣ  92 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 629,9 млн сомонӣ  маблағи  пешбинишуда 579,4 млн сомонӣ  ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 51,0 млн сомонӣ  кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 39,9 млн сомонӣ  зиёд мебошад.”, — иброз дошт   сардори Сарраёсати молияи вилоят. Бақияпулии андоҳоро шаҳру ноҳияҳои Бохтар 6,6 млн. сомонӣ, Кӯшониён 3,6 милн. сомонӣ , Вахш 4,0 млн. сомонӣ , Хуросон 1,0 млн. сомонӣ, Дӯстӣ  884,0 ҳазор сомонӣ , А Ҷомӣ  1,5 млн. сомонӣ , Ҷайҳун 2,5 млн. сомонӣ, Шаҳритуз 3,4 млн, сомонӣ, Кӯлоб 1,5 млн. сомонӣ, Муъминобод 455,0 ҳазор сомонӣ , Восеъ 3,5 млн. сомонӣ , Фархор 242,0 ҳазор сомонӣ , Ховалинг, 479,0 ҳазор сомонӣ  ва Балҷувон 74,0 ҳазор сомонӣ  нисбат ба  аввали сол зиёд намудаанд.

Ба  рӯзноманигорон хабар дода шуд, ки  аз руи маълумотҳо ба ҳолати 1 июни  соли 2020  бақияи  қарзи андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷумъ маблағи 194,8 млн сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ  25,8 млн сомонӣ  зиёд гардидааст.

 

Назарзода Бахтиёр дар кори нишаст иброз аз он дошт, ки дар давраи сипаригашта хароҷоти буҷети маҳаллӣ  дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ  ба роҳ  монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо наардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуривӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоятӣ  836,4 млн. сомонӣ  равона карда шудааст, ки 87 фоизи нақшаи  хароҷотии буҷети маҳаллии вилоятро дар давраи ҳисоботи ташкил медиҳад.

Дар идомаи кори нишаст роҳ барияти Сарраёсат иброз аз он доштанд, ки дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус бақияи озоду даромади шаҳру навоҳӣ 13 миллиону 41 ҳазору 60 сомонӣ ҷудо гардид.

Зикрафт, ки бо ҷонибдори аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарраёсати молияи вилояти Хатлон роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагии ҳамаҷониба бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ  корҳои муайянеро ба анҷом расонид ва ин тамоюл дар охири соли 2020 низ идома хоҳад ёфт.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017,№344 ва Қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 сентиябри соли 2017,№173  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сомонаи ягонаи иттилооти khatlon-moliya.tj  кушод, ки имрӯз фаъолияти назаррасе низ дорад.

Ба намояндгони ВАО итилоъ дода шуд, ки дар доираи супоришҳои роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  ба масъалаи ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар саҳни ҳавлии Сарраёсат аҳамияти ҷиддӣ дода, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 зиёда аз  5 –ҳазор бех гули лола ва гулбуттаҳо шинониданд. Лолаҳои ҳарранга  манзараи  саҳни ҳавлиро дар давраи сипаригашта бисёр зебову дилрабо ба ҷилва оварда, таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Бохтарро ба худ ҷалб намуд. Ин зебоӣ ва заҳмати ҳамасолаи кормандони Сарраёсат беподош намонд. Ду  сол аст, ки кормандони  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҷамъбасти озмуни вилоятии «Сайри гули лола» дар миёни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ сазовори ҷойи якум,  дипломи дараҷаи 1 ва ҷоиза мегардад.

Ба  мақсади дар амал татбиқ кардани пешниҳоди Роҳбарияти олии ҷумҳурӣ кормадону   Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон аз ҳисоби захираҳои мавҷуда ва имкониятҳои дохилӣ дар назди бинои Сарраёсат китобхонаи худро ифтитоҳ карданд, ки  дар он адабиётҳои сиёсӣ, илмӣ, бадеӣ, соҳавӣ ва ғайра гирд  оварда шудаанд. Инчунин зиёда аз 15 -ҳазор нусха китобҳои гуногун ба хотираи компиётери китохона ворид карда шуда, ҳар як муштарӣ метавонад аз онҳо истифода намояд. Китобхона ба таври замонавӣ таҷҳизонида шуда  кормадони соҳаи молия ва касбу кори гуногун метавонанд аз ин махзани дониш пурсамар истифода баранд. Барои онҳое, ки мехоҳанд дар толори китобхона адибиётҳои дилхоҳашонро мутолёа кунанд, шароити мусоид мавҷуд аст.

Сипас кормандони ВАО ба роҳбарияти Сараёсати молияи вилояти Хатлон оиди пешравиҳои соҳа, фаъолияти Раёсатҳои молияҳои шаҳру навоҳии, ободониву созандагӣ, сабзкориҳо, ҷудо намудани маблағҳо ба ин ё он соҳаҳои хоҷагидорӣ, пардохти саривақти маоши кормандони соҳаҳои гуногуни вилоят  суолҳо пешниҳод намуда ба ба пурсишҳои худ ҷавобҳои мушахас гирифтанд.

Дар охири нишасти хабарӣ  аз ҷониби сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр 10 нафар рӯноманигорони дар вилоят фаъолиятдошта барои ҳамкориҳои самарабахш, инъикоси саривақтии мавзӯҳои иқтисодиву молиявӣ  ва саҳмгузори дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои соҳа бо сипосномаи Сарраёстаи молияи вилояти Хатлон  қадршиносӣ  гардиданд.

Далер ШАРИПОВ

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед