Дар доираи ободкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар сохтмони бинои Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар маблағи молиявӣ расониданд.

Ҳамчунин, бо масулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар оид ба тарбияи ватандӯстии сокинони шаҳр, диққат додан ба инкишофу таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва ба онҳо кумак расонидан дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ суҳбати самимӣ оростанд.

Дар интиҳои суҳбат гуфта шуд, ки бунёди бинои нави кории замонавӣ барои ҳибиёни шаҳри Бохтар фоли нек буда, дар баланд бардоштани обурӯйи ҳизб дар миёни аҳолӣ нақши муассир хоҳад бозид.

Далер Шарипов,

 котиби матбуотии Сарраёсати молии вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед