Ҳамасола 9- сентябр дар мамлакати азизу маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил карда мешавад. Имсол мардуми шарафманди кишварамон 29-умин солгарди ин санаи тақдирсозро истиқбол гирифтанд.

Ба ин хотир мо андешаҳои роҳбарият ва якчанд нафар кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлонро рӯи қоғаз овардем:

Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳо дар дил орзуи соҳибдавлатиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор солсоҳ ибихтиёру мустақил гардид.

Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Меҳроҷиддин Нуралиев, муовини сардори Раёсат, Сардори шӯъбаи банақшагирии буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Аз фурсати бисёр муносиб истифода бурда тамоми ҳамватанонро бо фарорасии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош мегӯям. Фарзанди барӯ манди миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр карндаанд, ки: «Мо ба шарофати истиқлолият ғояи таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштаем ва ин роҳро идома хоҳем дод».

Рамазонзода Умед Рамазон, мутахассиси пешбари Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Воқен ҳам чи зебову дилнишин таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад». Мо кормадони молия хешро масъул медонем то истиқлолияти давлатии кишварро чун гавҳараки чашм ҳифз ва нигаҳ дорем.

Илҳомҷон Маҳмадалиев, мутахасиси пешбари шубаи аудити дохили ва назорати Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Ба рости истиқлолият калимаи форам ва мафҳуми зебост. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои тинҷу оромию осудагӣ барои мо имкон фароҳам овард то озодона кору фаъолият намуда, ба Ватан содиқона хидмат карда, соҳаи молияро ба дараҷаи стандартҳои байналмилли пешрав гардонем.

Файзали Маҳмадуллоев, мутахасиси Раёсати банақшагири буҷети давлатии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон:

-Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Истиқлолият имконият дод, ки мо ғояи худшиносии миллиро парчами замон кунем ва ба пояи сиёсати давлатӣ бардорем, то ин ки ифтихори миллӣ бо шири модар, бо аллаи фаромӯш нопазири ӯ   ва бо нахустин ҳарфҳои устод дар мактаб ба дилу шуури ҳар фарди тоҷик абадан ҷой гирад. Ман инро дар радифи истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва ризоияти миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои даҳсолаи охир дар таърихи миллати куҳанбунёди хеш медонам.

Далер Шарипов,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед