Надимова Зулфия Амировна бонуи масъулиятшинос, поктинату поксиришт мебошад. Ӯ соли 1974 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Меҳру муҳаббати бепоён нисбати  ихтисоси иқтисодчӣ ӯро аз даврони кӯдакӣ дар дил ҷӯш мезад ва оҳиста – оҳиста ин ҳавасаш ба орзу табдил ёфт. Дар овони таҳсил дар мактаби миёна ба хотири расидан ба ин  орзуву  ҳавас хеле ҷаҳду ҷадал кард, омодагӣ дид. Барои дохил шудан фанҳои заруриро бо ёрии устодон пурра аз худ карда, назари худро ба омӯзиши илми иқтисодӣ фарохтар намуд.

Қатъияту матонати ин духтари ташнаи илм ӯро баъди хатми  мактаби миёна ба Коллеҷи махсусгардонидашудаи аграрии шаҳри Бохтар овард ва ӯ ихтисоси бахисобгирии бугалтериро интихоб намуд. Коллеҷро бо муваффақият хатм карда, ба хотири такмили донишҳои иқтисодӣ ва қонеъ гардонидани шавқу завқи корманди молия шудан бо тавсия ва дуои неки падар, шодравон Амир Надимов ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултаи молия ва қарз дохил шуд ва онро  бо тахассуси  иқтисодчӣ   хатм кард.

Ҳамин тавр, Зулфия Надимова  фаъолияти кориашро аз шаҳри Бохтар оғоз намуда, чанд муддат дар сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи молиявӣ, баъдтар мутахассиси пешбари шуъбаи молиявӣ ва ҳамчунин  сардори шуъбаи молиявии  ниҳоди мазкур кор кард. Соли 2000-ум ба тариқи гузариш  аз  сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳайси мутахассиси дараҷаи якуми шуъбаи хазинадорӣ ба  сарраёсати молияи вилояти Хатлон  ба кор омад.

Бо гузашти солҳо фаъолияти назаррас, кордонӣ ва ҷусту чолокии  Зулфия Надимоваро роҳбарияти сарраёсати молияи вилоят ба инобат гирифта, соли 2001 сармутахассиси шуъбаи хазинадории сарраёсати молияи вилояти Хатлон  таъинаш намуданд. Баъди 5 соли фаъолияти кориаш ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи хазинадорӣ, ба вазифаҳои  сармутахассиси шуъбаи иҷроиш ва маблағгузории буҷети давлатӣ, сармутахассиси шуъбаи иҷроиш ва маблағгузории буҷети давлатии раёсати хазинадории сарраёсат,  мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии сарраёсати молияи вилоят, ҳамчунин баъдтар иҷрокунандаи сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқӣ, аз моҳи августи соли 2019 то ҳол дар вазифаи  сардори шуъбаи  кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии сарраёсати молияи вилояти Хатлон кору фаъолият намуда истодааст.

Дар солҳои фаъолият дар соҳаи молия таҷрибаи зиёд ҳосил намудааст.  Соатҳои бекориашро ин бонуи соҳибкасб бо мутолиаи адабиёти гуногуни соҳавӣ дар китобхонаи       навташкили сарраёсати молияи вилояти Хатлон сипарӣ мекунад. Зулфия бо кори  шоиста,   рафтори наку ва хислати ҳамидааш имрӯз дар миёни ташкилоту муассисаҳои буҷетиии вилояти Хатлон, ҳамкорону шаҳрвандон обрӯю эътибори баланд дорад.

Кормандони дастгоҳи марказии сарраёсати молияи вилояти Хатлон   Ҳусноро Қурбонова ва Гулрухсор Раҳмоналиева мегӯянд, ки ҳамкорашон Зулфия Надимова шахси кордон ва меҳрубон аст. Аз ин рӯ ҳар нафари корафтодаи сарраёсат кӯшиш мекунад, ки маҳз бо Зулфия Надимова сару кор бигирад. Зеро ӯ ба шаҳрвандон мувофиқи матлабашон тавсия ва маслиҳатҳои хуб дода метавонад.

Хизматҳои хуби Зулфия Надимова бо ифтихорномаи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаи раиси вилояти Хатлон, ифтихорномаи сарраёсати вилояти Хатлон ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст.

Зулфия Надимова аз тинҷию ободии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурсанду сарфароз аст.  Аз он ифтихор дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бехдошти рӯзгор ва оиладории сокинонаш  эътибори  хоса зоҳир менамояд. Ҳуқуқҳои мардону занон  дар оила баробар аст. Инро Конститутсия ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат  медиҳанд, — мегӯяд Зулфия Надимова.

 Далер ШАРИФОВ, котиби матбуоти сарраёсати

        молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед