Дар шаҳри Душанбе  зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи мамлакати баргузор шуд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ зимни суханронӣ дар ҳамоиш рушди устувори бахши молияи ҷумҳуриро дар замони сари мансаби президентӣ қарор доштани Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард.

Ӯ гуфт, ки дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ислоҳотҳои зиёдро паси сар намуд.

Ба сурати умум, таъкид дошт Юсуф Маҷидӣ, дар даврони истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд.Дар ҳақиқат, ҳамоши имрӯзаи ҷавонони молия зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» на танҳо иқдоми саривақтӣ, балки иқдоми муҳим барои молияҷиёни кишвар ба ҳисоб меравад.

Зеро дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бевосита таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, молияи давлатӣ низ ба рушди устувор ва дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, дар ин давра низоми молиявии кишвар ислоҳотҳои зиёдро паси сар намуд, пеш аз ҳама бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти он, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ дар асоси механизми нави маблағгузорӣ, равона гардиданд.Дар маҷмӯъ дар даврони истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ — меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон, дар ин ҷода тадбирҳои зиёде дар низоми банақшагирии буҷетӣ бахусус мутобиқ гардонидани он стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардид.

Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ бо мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати некўаҳволӣ, таъмини амнияти давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт равона карда шудаанд.

Дар баробари ин, бо фидокориву ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, аз ҳисоби лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявї, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи энергетика 43 лоиҳа ба мабалағи 2,3 млрд. доллари амрикоӣ, нақлиёт 53 лоиҳа ба маблағи 2,0 млрд. доллари амрикоӣ ва кишоварзӣ 49 лоиҳа ба маблағи 0,6 млрд. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.

Инчунин, дар партави ҳидоят ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, аз байн бурдани нишондиҳандаҳои дақиқи сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ як зумра ислоҳоти андозӣ гузаронида шуд.

Дастовардҳо дар самти низоми молияи кишвар таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат хеле зиёд буда, ин гуфтаҳо зеррае аз онҳо мебошад. Бинобар ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик дар самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, аз ҷумла дар низоми молияи давлатӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам зиёд ноил мегардад. Интихоти мо – Пешвои миллат!

 Далер ШАРИФОВ, котиби матбуоти сарраёсати

        молияи вилояти Хатлон

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед