Имрӯз 1-уми октябри соли 2020 дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият, кормадони ҷавони дастгоҳи марказии Сарраёсати молияи вилоят таҳти унвони  «Интихоби мо Пешвои миллат»  ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар оғози ҳамоиш зикр намуд, ки пешрафти молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намудааст.

«Дар ин давра мо ба чанд ҳадафи стратегии мамлакат, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мушарраф гардида, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, бо ба кор андохтани ду чархаи аввали НБО “Роғун”, ки роҳи моро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои некамон наздик намудааст, шарафёб мегардем», -зикр кард Бахтиёр Назарзода.

Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки маҳз заҳмату талошҳои раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар шаҳру навоҳии вилоят биноҳои Раёсатҳои молия сохта ва бо тамоми шароитҳои кори мавриди истифодаи кормандони мақомоти молия қарор дода шудааст ва ин созандагиҳо то ба ҳоло идома дорад.

Дар анҷоми суханронӣ кайд намуд, ки Рӯзи интихобот-  11 октябри соли равон муаян гаштааст кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар интихобот фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи босуботи Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади арзанда овоз медиҳанд.

Далер Шарипов, котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

Далер Шарипов, котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар назди иштирокчиёни ҷамомад баромад намуда, афзуд, ки имрӯз хурду калони кишвар бо ифтихору сарфарози изҳор медоранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар дохили кишвар ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшаду дар хориҷ давлатеро бо номи Тоҷикистон муаррифӣ кард.

“Сарвари давлат, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамеша таваҷҷуҳи хосаи худро нисбати ятимону барҷомондагон равона карда, дасти онҳоро дар ҳама ҳолат мегирад ва ба онҳо кумакҳои саривақтии иқтисодиву молиро дареғ намедоранд. Ҳамин аст, ки ба ҳар кунҷу канори мамлакат сафар карданаш Пешвои миллат, ин ғамхориашонро ба ин гуна оилаҳо дареғ намедорад.  Сари ҳар ятиму барҷомондаеро сила мекунад», — афзуд котиби матбуотии Сарраёсати молия.

Холмуҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

Холмуҳаммад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳам андешарони намуда, баргузории ҷамомадро ба мақсад мувофиқ арзиёби карда шиори «Интихоби мост — Пешвои миллат»-ро сари вақти арзиёби намуда, аз заҳмату талошҳои фарзанди бармуманди миллат раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон чандин мисолҳои зиёд овард.

Дар охир, кормадони ҷавони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон — Меҳроҷиддин Нуралиев, Умед Рамазонзода, Нурулло Абдулозода, Файзалӣ Куганов ва чанде аз дигарон андешаҳояшонро оид ба талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳорӣ андеша намуд.

Меҳроҷиддин Нуралиев
Умед Рамазонзода
Нурулло Абдулозода
Файзалӣ Куганов

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед