Қобили тазаккур аст, ки 5 октябр рӯзи зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки “Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чун дигар сарварони давлатҳо, на дар кишвари орому муттарақӣ, балки дар як мулки  ҷангзадаи хароб, ки касе ҷурати роҳбариашро  ба уҳда надошт, ба сари қудрат омад ва дар як муддати хело  кутоҳ тавонист мардумашро сулҳу сарҷамӣ ва умеди оянда бахшид.

Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои бошандагони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.

Имруз хурду бузуги кишвар бо ифтихору сарфарози изҳор медоранд, ки   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар дохил ба ҳама гуна низоъ ва душманӣ хотима бахшаду дар берун давлатеро бо номи Тоҷикистон сазовор муаррифӣ кард.

Ҷавоби он ҳама додӣ, зи бедорӣ сухан гуфтӣ,

Зи ҳифзи ҳастии миллат, зи тақдири Ватан гуфтӣ.

Раҳи ҳастии бе халқу диёрам ҷодаи марг аст,

Фидо созам дар ин роҳ лозим ояд ҷони манн гуфтӣ.

Шавад то мушкил осон, ру ба даргоҳи Худо кардӣ,

Ливои мулки худро гиря карда, бусаҳо кардӣ

На танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ,

Ҳалолат бод, бар аҳдат вафо қарзат адо карди.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед