Дар толори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки доир ба амалу кирдорҳои нангину сангини хоинони мамлакат, бахусус роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИ- ро ифшо мекунад аз ҷониби кормандони Сарраёсати молия дастҷамъона тамошо намуда, фикру ақидаҳои худро нисбати амалҳои зишти хоинон ибрози назар намуданд.  

Мақсад аз тамошои ин филми ҳуҷатии «Хиёнат»  баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон оид ба кирдорҳои ношоям ва амалҳои ғаразноку иғвогаронаи мухолифони кишвар, ошкор намудани ҷиноятҳои пасипардагии хиёнаткорони Ватан мебошад.

Дар филми «Хиёнат» маълум мешавад, ки хиёнаткорон бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон бар зидди давлату миллати тоҷик суханони носазо ва аз доираи ҳақиқат дурро анҷом медиҳанд. Ва ин амалҳояшонро мардуми Тоҷикистон маҳкум менамоянд.

Дар ин баробар, кормадони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ин амалҳои нангину сангини хиёнаткоронро маҳкум намуда иброз доштанд, ки насли ҷавони имрӯз алакай тавассути филми “Хиёнат” аз рафтору кирдор ва амалҳои хиёнаткоронаи роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнуъшудаи Ҳизби назҳати ислом огоҳӣ пайдо намуда фирефтаи хоинон намегарданд.

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар маълум намуд, ки хешу табор, дӯстон, наздиконаш ва ҳатто он нафароне, ки дар вақташ фирефтаи дасисаву дурӯғҳои ғаразноки М. Кабирӣ гашта буданд, чигуна ба ӯ нафрин намуданд.

Ҷавонони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон саркарда ва сабабгори даҳшату воқеаҳои солҳои 90-умро ба хиёнаткор Кабирӣ нисбат медиҳанд.

Минтақи Бохтар маркази  даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардум  «шаҳд»-и ин ҷанги бемаъниро бештар чашидаанд ва бештар аз дигарон аҳамияти таърихии сулҳу созишро дарк намуд, баҳри пойдории амнияти давлат ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол менамоянд.

Дар охир аз кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон даъват карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб, бахусус терроризму экстремизм фаъол бошанд.

Далер Шарипов,

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед