Ёдовар мешавем,ки Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, ки дирӯз, 11 октябр баргузор шуд, бо гирифтани 90,92% овозҳо  ғалаба ба даст оварданд.

Имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, пирӯзии боэътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод.

Иштироки фаъолонаи сокинон дар интихобот нишонаи  фарҳанги баланди сиёсии ҷомеа ва саҳмгузории мардуми шарифи Тоҷикистон дар пойдории Истиқлолияти давлати диёрамон ва суботи ҷамъиятиву сиёсии мамлакат арзёбӣ мегардад.

Маврид ба ёдоварист,ки сокинони ҷумҳури барои 7 соли оянда президент интихоб карданд. Онҳо ба тарафдории сулҳу субот дар ҷомеа, рушди устувори кишвар ва ояндаи беҳтари мардуми он овоз доданд.

Колективи кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  ба ҳамаи табрикоти сершумор хамватанони азиз   ҳамроҳ шуда,   самимона ба Раиси муаззами ҳизб,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, хушбахтӣ, комёбиҳо ва дастовардҳои навро ба манфиати Тоҷикистони азизу биҳиштосо  таманно  доранд.

Пирӯзӣ муборак Пешвои маҳбуби миллат!

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед