«Сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ»- таҳти чунин унвон ҷаласаи  сатҳи баланди солонаи вазирони молияи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он дар радифи вазирони беш аз 70 кишвари ҷаҳон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода  низ тавассути  видеоконфронс иштирок намуд.

Аз Раёсати котиботи Вазорати молияи мамлкат  ба сомонаи расмии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони сатҳи олӣ, аз ҷумла Президенти Бонки ҷаҳонӣ Девид Малпас, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва вазирони молияи давлатҳои аъзои Бонки ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

Президенти Бонки ҷаҳонӣ Девид Малпас зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр кард, ки ҷорӣ гардидани ташаббуси «захираҳои инсонӣ» аз соли 2018 инҷониб ба ҷараёни ҳимоя ва рушди глобалии ин раванд такони тоза бахшид. Иқдоми мазкур алалхусус дар шароити кунунии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 хеле саривақтӣ ва самаранок арзёбӣ гардид. Барои рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва созмону кишварҳои шарикони рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар интиҳои ҷаласа масъалаи мобилизатсияи захираҳои инсонӣ дар вазъи душвори молиявии кишварҳои аъзои Бонки ҷаҳонӣ, маблағгузории самарабахши самти мазкур ва таъмини аҳолии осебпазир бо ҳамаи хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ гардид.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед