Паёми табрикотии сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр бахшида ба 26 умин солгарди Конститусия Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрон ва ҳамкасбони азиз!

Бисту шаш сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст.

Ин ҳуҷҷати тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки самтҳои афзалиятноки рушди ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян карда, ба бунёди ҷомеаи дунёвӣ ва демократӣ асоси муътамади ҳуқуқӣ гузошт.

Хотирнишон бояд кард, ки   ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби корнишиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт.

Гузашта аз ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конституттсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сиффати Қонуни асосӣ заминҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар,  манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа Тоҷикистонро муайян сохт.

Ҳаминтариқ  конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёри ҳуқуқи озодӣ ва  манфиатҳои  қонуни шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ  қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро бурда меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони мусоир мутобиқ гардонид.

Инчунин Конститутсия  барои аз байн бурдани хатаре, ки  ба истиқлолияти  давлатӣ таҳдид мекард, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлол тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани  миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси тарихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдисозу ҳалкунанда бозид. Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Дар заминаи конститутсия, як силсила қонунҳои констутсионӣ   ба тавсиб расиданд, ки рушди инкишофи демократияро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро таъмин менамоянд.

Ин аст, ки риояи қонун, таъмини адолати ичтимоӣ, дастрасии мардум ба озодиву хушбахтӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон таъмин шуда, аз ин нуқтаи назар кишвари мо дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи сазовор дорад. Маҳз ба шарофати қабули конститутсия дар Ватани мо бародарию баробарии халқҳои Тоҷикистон даст дода, баҳри инкишофӣ расму оини халқҳои сокини Тоҷикистон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз сокинони мамлакат фирӯзу хушбахтанд. Дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистон, созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ширкат меварзанд. Баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатии кишварамон софдилона заҳмат мекашанд.

Хулоса мешавад, ки дар асосӣ қонун бошандагони Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо ҳифз карда мешавад. Ин далели он аст, ки раванди инкишофи демократия ва сохти давлати дунявӣ, демократӣ дар Тоҷикистон вусъати тоза пайдо кардааст. Ин раванд дар амалӣ кардани аҳдофи стратегии мамлакат ва ҳалли ормонҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар олами муосир муайян карда, кишварамонро чун мамлакати озоду обод ва пешрафта дар рӯи ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Ин ҳама пешрафтҳо дар самти таҳкими қонуният, таъмини адолат дар ҷомеаи имрӯза ва рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳо ба шарофати ташаббускории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллии, Пешвои миллат Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, далолат бар он дорад, ки мо ба ҳали аҳдофӣ стратегӣ  ва манфиатҳои миллӣ  муваффақ мешавем. Зеро дар ҷомеаи мо қонун кафили пешрафт ва инкишофи озодиву ободии кишвармон аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумоёнро ба муносибати 26- умин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳати, рузгори обод ва сулҳу оромиро таманно мекунам.

 

 

 

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед