Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон миёни бонувони ташкилотҳои вилоятӣ мусобиқаи шоҳмот баргузори гардид, ки дар он Зулфия Надимова, сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ғолиби ҷойи аввал гардид.

Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад намуда қайд кард, ки ҳадафи баргузории мусобиқаи мазкур интихоби тарзи ҳаёти солим ва такмили иқтидори зеҳнии бонувон ба соҳаи варзиш мебошад.

Фотима Пирова, мураббии соҳа сабқатро ҳамаҷониба назорат мекард. Ба гуфтаи ӯ миёни бонувон солҳои охир чунин чорабиниҳои варзишӣ бештар доир мегардад.

“Бо ин роҳ мо метавонем варзишгарони беҳтаринро аз риштаи шашкаю шоҳмот ва дигар навъи варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ пайдо созем”, — Фотима Пирова, мураббӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқа чаҳор даврро дар бар гирифта, ғолибон муайян гадиданд.

Зулфия Надимова, сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

Дар миёни иштирокчиёни чорабинӣ ба Зулфия Надимова, сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сазовори ҷойи аввал гардид.

Ба ғолибони мусобиқаро дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Далер Шарифов,

котиби матбуоти сарраёсати вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед