Ҳамасола 24-ноябр дар кишварамон Рӯзи Парчами Миллии Тоҷикистон таҷлили карда мешавад.

Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд.

Тазаккур бояд дод, ки эҳтиқоду бовари Парчами миллӣ яке аз рамзҳои давлатдорист. Тибқи маълумоти олимон ва бостоншиносон таърихи парчмдориву парчамбардории халқи мо аз аҳди бостон оғоз гардида аст. Аҷдодони мо аз ибтидои тамадуни инсони соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то имрӯз давом дорад.

Пайдост, ки Парчами миллии Тоҷикистон нишони  истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он 24 ноябри  соли 1992 қабул карда шудааст. Он аз се ранг: сурх, сафед ва сабз иборат мебошад.

Диравши коваи оҳангари эй Парчами милли,

Намои эҳтиқоду бовари  эй Парчами миллли.

Намойни миёни сад ҳазорони ранги дунёи,

Шукуҳи асли моро минбари эй Парчами мили.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед