Дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии бошукӯҳ гардид, ки дар он меҳмонон қабл аз оғози чорабинӣ аз намоишгоҳи асарҳои пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди миллати тоҷик дидан намуданд.

Дар оғози чорабинӣ  Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд, — афзуд Бахтиёр Назарзода.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар идомаи суханронӣ қайд намқуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани фарзанди фаронаи миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон на танҳо сокинони ҷумҳури, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

Ғолибҷон Мирзоев, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маърӯза намуда аз талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба аҳли толор бо факту далелҳои амиқу дақиқ ва мисолҳои зиёдро ба саъми иштирокчиён расонид.

Дар чорабинии мазкур филми мустанад таҳти унвони «Тулӯи хуршед», ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Маврид ба ёдоварист ки пас аз ворид намудани тағироти Қонун «Дар бораи  рӯзҳои ид» 16-ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санаи навбатии фахрии «Рӯзи Президент» таҷлил карда мешавад.

 Котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед