Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 26-уми январи соли 2021 доир гардид.  Дар он зикр намуд, ки Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад.

Татбиқи барномаҳои қабулнамудаи мо барои гузаштан ба ин раванд қонеъкунанда нестанд ва зарур аст, ки чораҳои ба ташаккули шароит барои тақвияти соҳаи рақамикунонӣ мусоидаткунанда андешида шаванд.

Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки вобаста ба татбиқи пешниҳоди мазкур санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул намояд”, — дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуд.

Бо ин мақсад дар амал татбиқ намудани супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Каҳҳорзода Файзидини Саттор, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Акрам Мироев, директори КВД «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байни буҷети»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутаххасисони варзида ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Ҳадафи ташрифи меҳмонон ин дар шафати Сарраёсати молияи вилоят насби Пойгаҳи коркарди маълумотҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. Насби Пойгаҳи коркарди маълумотҳо барои фаъолияти молиячиён саривақтӣ буда барномаи Низоми иттилоотии идоракунии молияи давлатӣ дар як вақт метавонад маълумотҳоро дастрас ва пешниҳод намояд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ба фаъолияти кории кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсат, китобхона дидан намуда ба фаъолияти минбаъда маслиҳатҳои муфид  доданд.

Аз ҷониби сардори Саррраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода ба меҳмонон иттиллоъ дода шуд, ки дар Сарраёсати молияи вилоят Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон фаъолият дорад.

Дар интиҳо, Вазири молияи Тоҷикистон зикр намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон молиячиёни вилоят омодагиҳои  ҳамаҷониба бинанд то ин  ҷашни таърихии миллатро дар сатҳи баланди фарҳангию сиёси пешвоз гирем.

 КОТИБИ МАТБУОТИИ САРРАЁСАТИ

МОЛИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед