Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи тасдиқ намудаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки васеъи рӯзноманигорони расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар он сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони сардор, сардорони шуъба ва бахшҳои Сарраёсати молияи вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Нахуст, Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон  нишасти матбуотиро  ҳусни ғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки барои кулли молиячиёни вилоят соли сипаришударо  ҳамчун соли  бобарору пумаҳсул ҳисоб менамоем, зеро дар давоми соли сипаригардида як қатор  рӯйдодҳои муҳими таърихии  фаромӯшнашаванда ба амал омад.

Иттилоъ дода шуд, ки Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомотҳои дахлдори вилоят корро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ба роҳ монда корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2020-ум аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1218,5 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 1256,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 37,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз руи маълумотҳо ба ҳолати 1 январи соли 2021   бақияи қарзи  андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмуъ маблағи 189,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали сол 21,0 млн. сомонӣ  зиёд гардидааст.

— Қисми зиёди бақияпулиҳоро андози иҷтимоӣ 111,8 млн. сомонӣ 60 фоиз ва 40,0 млн. сомнӣ 21 фоизро ҷаримаҳо ташкил менамояд, зикр намуд Б. Назарзода зимни нишасти матбуотӣ. — Бақияпулии андозҳоро шаҳру ноҳияҳои Бохтар  — 4 млн. сомонӣ, Вахш — 4,8 млн. сомонӣ, Хуросон  — 3,1 млн. сомонӣ, А. Ҷомӣ — 2,4 млн. сомонӣ, Ҷайҳун — 2,3 млн. сомонӣ, Восеъ  — 5,8 млн. сомонӣ, Шаҳритус — 4  млн. сомонӣ ва Фархор  — 364 ҳазор сомонӣ бақияпулиҳоро нисбат ба аввали сол зиёд намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетӣ дар сатҳи 100 фоиз таъмин гардида ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 347,8 млн. сомонӣ баробар гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки кормандони Сарраёсати молияи вилоят барои пардохти саривақтии музди меҳнат нигаронида шуда тамоми Раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки аз руи имкониятҳои воқеии буҷет маблағгузории музди меҳнатро дар ташкилоту муассисаҳои буҷети дар мадди аввал ба роҳ монанд.

Бояд ёдовар шуд, ки натиҷаи ҳамин буд, ки хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз буҷети вилоятӣ 1 миллиарду 869 млн. сомонӣ равона карда шудааст.

Дар маҷмӯъ 1 миллиарду 584 млн. сомонӣ маблағҳои буҷети дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф 1074 млн. сомонӣ, тандурустӣ 491 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 12,8 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 6,8 млн. сомонӣ равона карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 1 миллиарду 571 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои музди меҳнат 1251 млн. сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоӣ 281 млн. сомонӣ идрорпулӣ 2,7 млн. сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кӯмакпулиҳо 9,6 млн. сомонӣ ва барои пардохтҳои хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 27 млн. сомонӣ равона карда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 477,9 млн. сомонӣ 98 фоиз ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 90,7 млн. сомонӣ 78 фоиз дар маҷмуъ 568,6 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд.

Илова бар ин ҷиҳати иҷрои Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи татбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз 4 августи соли 2020, №1580 аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 72,8 млн. сомонӣ маблағ барои фарқияти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷети ба шаҳру ноҳияҳо ҷудо гардид.

Дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бо мақсади дастгирию ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти татбирҳои пешгирӣ ва паҳншавӣ аз бемории короновирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус, бақияи озоду даромади шаҳру навоҳи 14,1 млн. сомонӣ ҷудо гардид.

Ҷиҳати омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон барои хариди ангиш, ҳезум ва сузишворӣ ба соҳаи маориф 7,8 млн. сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 1,1 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Зикр гардид, ки дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Маркази бозомузӣ фаъолият дошта зиёда аз 269 нафар мҳосибон ва иқтисодчиён оиди ҳисобдории муҳосибин бо тариқи равзанаи ягонаи  электрони аз руи барнома ба омузиш фаро гирифта шуда 167 нафар соҳиби сертификат гардидаанд.

Пас аз баромади роҳбарияти Сарраёсат хабарнигорони ВАО оид ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалби мутаххасисон ба соҳаи молия, маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоии хоҷагии халқ ва дигар самтҳои муҳими соҳаи молия саволҳо пешниҳод намуда ба суолҳои худ посухои мушаххас гирифтанд.

Далер ШАРИПОВ

котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
лутфан номи худро дар ин ҷо нависед